Матбуот дар саҳифаи таърих
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 708
Рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияяти давлатии вилояти Хатлон, идораи рӯзномаи “Хатлон”, раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.
Кори конференсияро Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, ҳусни оғоз бахшида, табрикоти роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ироа намуд. Мавсуф қайд дошт, ки саҳми васоити ахбори омма дар тарғибу таблиғи масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ назаррас буда, барои тарбия намудани журналистони соҳибтаҷриба нақши муҳим мебозад.
Сипас, Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” баромад намуда, аз фаъолияти имрӯзаи рӯзномаи “Хатлон” ёдовар гардид.
Мавсуф аз таърихи пайдоиши рӯзномаи “Хатлон” ёдовар гардида, иброз дошт, ки дар солҳои пешин нисбат ба имрӯз теъдоди нашри рӯзномаҳо зиёд буд. Ҳамчунин, қайд намуд, ки имрӯз хонандаи матбуоти даврӣ коҳиш наёфта, балки василаи дастрасии иттилоот дигаргун шудааст.
Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотӣ - таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва Дилором Маҳкамова, дотсенти кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ маърӯза намуда, аз вазъи имрӯзаи матбуоти даврӣ ёдовар шуданд. Ҳамчунин, Зиннатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба хотири руҳбаландӣ барои донишҷӯёни риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ду стипендия ба роҳ мондааст.
Баъдан, аз ҷониби идораи рӯзномаи “Хатлон” ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ Ифтихорнома супорида шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба чанд нафар аз фаъолони соҳаи матбуот ва аз ҷониби садорати факултети филологияи тоҷики донишгоҳ ба як қатор донишҷӯёни фаъоли риштаи рӯзноманигорӣ ва ду нафар корманди рӯзномаи “Хатлон” Фирдавс Умаров ва Набиҷони Саидаброр сипоснома супорида шуд.
Дар анҷоми конференсия, донишҷӯён викторинаи омоданамудаи худро, ки мавзӯи матбуоти даврӣ ва соҳаи журналистикаро фаро мегирифт, пешкаши ҳозирин карданд ва ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.
Ҷасури Қиёмиддин, “Хатлон”