Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муовини раиси вилоят: «Журналистикаи Хатлон ҳамқадами замон бошад»


Муовини раиси вилоят: «Журналистикаи Хатлон ҳамқадами замон бошад»



Воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарианд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмати сазовор мекунанд. Хурсандибахш аст, ки аҳли эҷоди вилояти Хатлон дар масири фаъолияти бисёрсолаи худ ин рисолатро бо масъулиятшиносӣ ва сарбаландона иҷро карда меоянд.

Ин нукта имрӯз, 11 март, дар ҳамоиши мутантан ба ифтихори 110-солагии матбуоти тоҷик аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зикр гардид.

Дар ин ҳамоиш, ки дар идораи телевизиони вилоят сурат гирифт, ҳамаи нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ намоиши матбуоти даврӣ ва дастовардҳои рӯзномаҳои маҳаллиро оростанд. Муовини раиси вилоят аз намоишгоҳ дидан карда, бо сармуҳаррирон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пасон, дар маҷлисгоҳи идораи телевизиони вилоят ҷамъомади идона барпо шуд. Фирӯза Шарифӣ ҳозиринро аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба муносибати иди касбиашон таҳният гуфт. Қайд гардид, ки матбуоти тоҷик таърихи беш аз садсола дошта, дар ин давра шебу фарози зиёдеро пушти сар намудааст. Аввалин рӯзномаи сирф тоҷикӣ - “Бухорои шариф”, ки 11 марти соли 1912 ба чоп расид, заминаи мусоидро ба рушди бавусъати матбуоти тоҷик таъмин намуд.

Нахустин рӯзномаи даврии ҳар як миллат ва давлатро ибтидои марҳилаи нави ташаккул ва таҳаввул дар таърихи он халқу кишвар меҳисобанд. Чопи аввалин рӯзномаи сирф тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф» на танҳо ба рӯзноманигории миллии касбии мо асос гузошт, балки чун як падидаи фарҳанги миллӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватан дорию худшиносии миллӣ, рӯҳияи истиқлолхоҳӣ, озодихоҳии маорифпарварона ва бедории фикрии мардум нақши бориз гузоштааст.

Рӯзномаи “Бухорои шариф”, ки таърихи матбуоти Тоҷикистон аз рӯзи чопи якумин шумораи он ибтидо мегирад, барои таъсиси садҳо воситаи ахбори оммаи ватанӣ замина гузоштааст. Аз он ҷумла, дар вилояти Хатлон низ дар ибтидои солҳои сиюм нахустин рӯзномаҳо таъсис дода шуданд. Дар охири соли гузашта мо 90-солагии рӯзномаи вилоятии “Хатлон”-ро таҷлил намудем, ки ҳанӯз соли 1931 бо номи “Зарбдори сохтмони Вахш” ба дасти чоп расида буд.

Муовини раиси вилоят бо ҳисси ифтихор қайд карданд, ки то имрӯз журналистону зиёиёни соҳибқаламе чун Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Машариф Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Соҳиб Табаров, Ашӯр Сафар, Саид Барот, Муҳаммад Ғоиб, Пиримқул Сатторӣ, Акбар Муслимов, Тӯра Қобилов, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Шарифамоҳи Кишвардухт, Бахтиёр Муртазоев, Аскаралӣ Набиев, Абдулло Муродов, Мирзо Гадоев, Карим Давлат, Олимҷон Ёрасенов, Шералӣ Яҳёев, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Нуриннисо Муртазоева, Асалмо Сафарова, Ашӯр Иброҳимов, Аброри Зоҳир, Аслон Исломов, Ҳуриннисо Ализода, Саломиддин Мирзораҳматов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Саидалӣ Бобохонов, Алимуҳаммад Муродӣ, Файзалӣ Чориев, Аъзам Мӯсоев, Шоимназар Омонов, Ғаффоралӣ Сафар, Туҳфа Аҳмадова, Саидҷаъфар Баёзӣ, Мисралӣ Сониев, Ғулом Соҳибов, Усмон Билолӣ, Давлатҷон Султонов, Мирзои Фирӯз, Неъматулло Худойбахшов, Боймурод Сайдалиев, Саттор Қарахонов, Ғайбулло Ҳалимов, Исматулло Ҳасанов, Наҷот Сафарзода, Ҳусейн Мирзоев ва даҳҳо нафари дигар барои рушди матбуоти даврии маҳаллӣ хизмат кардаву соҳибном шудаанд.

Исми ҳар як корманди эҷодиву техникие, ки тӯли ин солҳо кори нашрияҳои маҳаллиро гардон карда ва масъулиятшиносона вазифаҳои худро иҷро намудаанд, барои мо гиромист.

Қайд шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар як корманди воситаҳои ахбори омма, ки бо ҳисси баланди масъулияти касбӣ фаъолият карда, дар инъикоси дастовардҳои аҳли заҳмати вилоят, бозтоби рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ, дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта, бо масъалагузориҳои журналистии худ боиси ислоҳ шудани камбудиҳо, беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳо, бартараф шудани монеаҳо барои рушд, татбиқи самарабахши барномаҳои давлатӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги бегона ва хурофотпарастӣ гардидаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамояд.

- Мо имрӯз хуб дарк мекунем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзоиши шумораи расонаҳо, вусъати интернет, пешрафти технологияҳои навин, вазъи матбуоти даврии маҳаллӣ, фаъолияти журналистон дар сатҳи маҳал беҳбудӣ мехоҳад, - зикр кард муовини раиси вилоят. - Бо мақсади дастгирии нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ ҷиҳати доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони эҷодию техникӣ тадбирандешиҳо сурат гирифта, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои таъмин намудани рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) бо бинои алоҳида ё таъмири асосии биноҳои мавҷудаи редаксияҳо мусоидат намоянд. Ҳамчунин, тибқи қарорҳои раиси вилояти Хатлон аз 26 майи соли 2020, №155 ва аз 29 январи соли 2021 таҳти №18, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои муҷаҳҳаз гардонидани идораи нашрияҳо бо техникаву ҷиҳози зарурии корӣ, аз ҷумла хатти интернет мусоидат карда, ҳангоми интихоб ва таъйин намудани сармуҳаррири нашрия ба ихтисосмандони соҳаи рӯзноманигорӣ афзалият диҳанд.

Дар баробари ин, аҳли қалами вилоят низ бояд фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, завқу салиқа, дархосту интизориҳои хонандагону шунавандагон ва бинандагонро ба инобат гиранд, аз усулҳои муосири фаъолияти журналистӣ истифода баранд.

Даъват карда шуд, ки дар назди идораҳои воситаҳои ахбори омма, мувофиқи имкониятҳои мавҷуда, давраҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ ташкил карда шуда, сатҳи забондонии рӯзноманигорон баланд бардошта шавад.

Раиси вилоят изҳори умедворӣ карданд, ки рӯзноманигорон, чун пештара, дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати мамлакат низ бо сухани созанда, инъикоси раванди бунёдкориҳои соҳибкорон мусоидат менамоянд. Бо дарназардошти ин, пешниҳод гардид, ки озмуни вилоятии эҷодии “Эъҷози Истиқлол” минбаъд низ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода шавад.

Ба хотири гиромидошти фарҳанги миллӣ ва ташаккули идеологияи миллӣ ба шабакаҳои телевизионии “Хатлон”, “Кӯлоб”, “Мавҷи озод”, “Қӯрғонтеппа”, муассисаҳои давлатии “Хатлонсинамо”, раёсати “Тоҷикфилм”, инчунин гурӯҳҳои эҷодии шабакаҳои ҷумҳуриявии телевизионӣ дар вилоят пешниҳод карда шуд, ки вобаста ба ҷашни суннатии Тиргон, 4000-солагии Фархор, мавзеъҳои таърихии Аҷинатеппа, Тахти сангин, Хоҷа Машҳад, 90-солагии азхудкунии водии Вахш филмҳои ҳуҷҷатии пурмазмун офаранд. Зеро ин ҷашнҳо ва ин мавзеъҳо на фақат боиси ифтихороти миллии мо – тоҷиконанд, балки намунаҳои барҷастаи тамаддуни башарӣ ба ҳисоб мераванд, ки мутаассифона, ҷомеа ҳанӯз ҳам шинохти камтар дорад.

- Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма ба мисли ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушд ва камолоти ҷомеа мусоидат мекунанд, - зикр намуд муовини раиси вилоят. - Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба рушди расонаҳои хабарии минтақавии Тоҷикистон бисёр муҳим буда, мо ба ҳалли мушкилоти ВАО минбаъд низ мусоидат хоҳем кард.

Дар идомаи ҳамоиш исми ғолибони озмуни эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан-2021” аз рӯйи 10 номинатсия эълон гардид. Барои аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” шодибахш буд, ки аз рӯйи номинатсияҳои “Беҳтарин саҳифабанди нашрия/наворбардор” ва “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” хабарнигорони рӯзнома Далер Ибодуллозода ҷойи якум ва Суҳроб Азиззода ҷойи дувумро аз худ карданд.

Дар охир муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ бо таманнои он ки ҳар як эҷодкор, ҳар як зиёӣ неруи сухан ва хомаи созандаашро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ минбаъд низ равона месозад, эҷодкорони вилоятро ба муносибати иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом ва илҳоми саршори эҷодӣ таманно карданд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода