Ташрифи раиси вилояти Хуросони Разавӣ ба Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 760
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, сараввал, гурӯҳи меҳмонон аз Неругоҳи барқии обии “Норак” боздид ба амал оварда, аз ҷараёни фаъолияти неругоҳи мазкур шинос шуданд. Дар идомаи сафари корӣ меҳмонон аз маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ», ки дар ноҳияи Данғара воқеъ аст, дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Мармарӣ» дар истеҳсоли чӯҷаи мурғ дар ноҳия яке аз корхонаҳои пешқадам арзёбӣ шуда, дар истеҳсоли гӯшти мурғ саҳми бориз дорад. Ҳайати меҳмонон бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин, аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид намуданд. Гуфта шуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 5 ширкати Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият намуда, ба истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ, коркарди меваи хушк, писта, истеҳсоли битум, равғани муҳаррик ва полоиши нафтӣ, истеҳсоли нӯшоба, сачоқчаҳои коғазӣ, консерва, болопӯшҳо ва битум машғул мебошанд. Тибқи иттилои расмӣ, меҳмонон ба шаҳри Кӯлоб низ ташриф оварда, сараввал Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд ва дар ин зимн аз осорхонаи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан карданд.
Сипас, меҳмонон аз ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» боздид ба амал оварданд. Дар идомаи сафар имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар шакли рӯнамо ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки айни ҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корҳои барқарорсозӣ ва аз тарафи соҳибкорони ватанӣ корхонаи хурди саноатӣ оид ба истеҳсоли ашёи автомобилӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/