Натиҷагирии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 619
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият доранд, баргузор гардид. Мақсади мулоқот ҳамоҳангсозии ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва баррасии мушкилоти ҷойдошта мебошад.
Дар доираи вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба фаъолияти барнома ва лоиҳаҳои худ маълумот дода, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани ҳамкориҳо таклифу пешниҳод намуданд.
А. Сулаймонзода зимни баромад изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри беҳтар намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои болозикр аз имкониятҳои мавҷуда ба таври даркорӣ истифода менамояд. Инчунин, дар самти амалишавии ҳар як лоиҳа ва барномаҳо шароит муҳайё карда мешавад. Дар моҳи феврал вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорон дар назар дошта шудааст, ки ҳадаф аз он дастгирии соҳибкорон ва мусоидат дар ободониву шукуфоии меҳан мебошад. Дар вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалии дар вилоят фаъолият дошта низ даъват карда мешаванд. Дар ин раванд, самтҳои ҳамкорӣ дар соли 2022 дақиқан баррасӣ хоҳанд шуд.
Аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021-ум як қатор лоиҳаву барномаҳо мавриди амал қарор гирифтанд. Бахусус, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаеро бо маблағи 30 миллион доллар дар соли 2022 амалӣ хоҳанд кард, ки он дар вилоятҳои Бадахшону Хатлон истифода мегардад. Дар асоси ин лоиҳа барои бунёд ва барқарору зебогардонии ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ маблағҳои махсус равона хоҳад гашт.
Дар робита ба ин, Вазорати молия ва Бонки ҷаҳонӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкориро дар сатҳи баланд ба роҳ хоҳад монд. Аз он ҷумла, мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Чилучорчашма, Ҳулбук, Хоҷамашҳад ва чанде дигар мавриди омӯзишу корбарӣ қарор доранд. Ғайр аз ин, дар доираи ин бозорҳо ва ташхисгоҳи (лаборатория) -и бозорҳо мавриди беҳбудсозӣ ва таъминшавӣ бо лавозимоти наву замонавии техникӣ қарор хоҳанд гирифт. Лоиҳаи мазкур, бахусус, дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб мавриди корбарӣ қарор мегирад. Дар самти истеҳсол ва коркарди шир низ лоиҳаҳои хурд ба маблағи ба як нафар аз 10 то 60 ҳазор доллар пешбинӣ гардидааст. Соҳибкорон метавонанд, ки лоиҳаҳоро якҷоя омода карда, пешниҳод кунанд.
Дар ин мулоқот гуфта шуд, ки чунин вохӯрӣ ва суҳбату баррасиҳо ҳар думоҳ доир карда мешаванд. Дар ин вохӯрӣ мушкилиҳо мавриди баррасӣ ва ислоҳнамоӣ қарор хоҳанд гирифт.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”