Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тарки 2067 омӯзгор аз ҷойи кор


Тарки 2067 омӯзгор аз ҷойи кор



Давоми соли 2021-ум 2067 нафар омӯзгорон бо сабабҳои гуногун тарки ҷойи кор кардa, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон А. Олимӣ дар нишасти хабариаш иттилоъ дод. 

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон”. Дар соли 2021-ум 68 нафар омӯзгорони ҷавон, 36 нафари бо замини наздиҳавлагӣ, 1 нафар бо замини полезӣ ва 31 нафар бо қарзи имтиёзнок бархӯрдор гаштанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 4, Левакант 2, Восеъ 5, Фархор 7, Ш.Шоҳин 8, Ховалинг 8, Балҷувон 4, Ҷайҳун 28, Дӯстӣ 1 ва Носири Хусрав 1 нафарӣ омӯзгорони ҷавон ба замини наздиҳавлигӣ, замини полезкорӣ ва қарзҳои имтиёзнок таъмин карда шуданд. 

Мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Вахш, Кӯшониён, Ҷ.Балӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, А. Ҷомӣ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Данғара, Темурмалик ва Муъминобод рафти иҷрои қарори мазкур дар соли 2021 амали худро наёфтааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода