Форуми соҳибкорони минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 843
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Форуми минтақавии соҳибкорони Хатлон-2021 таҳти унвони «Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузони ҷумҳуриявӣ ва коршиносони дохилӣ баргузор гардид.
Форумро раиси Кумитаи давлатии самомоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки мақсади баргузории форум шиносоӣ ва муаррифии имкониятҳои соҳибкорӣ дар самти рушди саноат, баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорони вилояти Хатлон ва берун, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба ва мубодилаи таҷриба байни минтақаҳо, баррасӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи минтақа дар самти соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини рушди соҳаҳои саноат маҳсуб меёбад.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам дар баромади худ оид ба як қатор нишондиҳандаҳои оморӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, нақшаву барномаҳои рушд, саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон дар таъмини афзоши ҳаҷми истеҳсолот ва сатҳи некӯаҳволии аҳолии вилоят ибрози назар намуд.
Инчунин, дар форуми мазкур директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода, роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб Мустафо Абдуллозода, сардори идораи КВД «Саноатсодирбонк» Бахтиёр Абдуллозода, директори ҶДММ «Кооператор» Гулсун Иброҳимова, директори филиали ҶДММ «Ваҳдаттекстайл» дар шаҳри Кӯлоб Орзу Холиқов, директор Ташкилоти ҷамъиятии «Рӯшноӣ» Мирзошоҳ Акобиров, намояндаи Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Қутфулло Зиёдуллоев дар мавзӯъҳои гуногуни соҳаи иқтисодӣ ва саноативу истеҳсолӣ маърӯза намуданд.
Изҳор карда шуд, ки натиҷаҳои Форуми мазкур барои таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат, инчунин қавӣ гардонидани иродаи ҳамбастагӣ дар самти фаъолияти якҷоя ва самаранок истифода бурдани имкониятҳои сармояи дохилӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Бахтиёр Сафарзода