Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Балҷувон. Бунёди боғи нав


Балҷувон. Бунёди боғи нав


 Аъзои хоҷагии деҳқонии «Эмдара»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон дар майдони 5 гектар боғи нав бунёд карданд, ки дар он ниҳолҳои зардолую шафтолу, себу нок, чормағзу бодом, гелос ва дигар ниҳолҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқро шинониданд.



    Хоҷагии мазкур дар майдони 45 гектар ташкил карда шуда, натиҷаи коркарди саривақтӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ буд, ки ниҳолҳои шинонидаи кишоварзон 98 фоиз сабзида, нашъунамои хуб доранд. Барои шодоб намудани майдони боғ хоҷагидорон чоҳи амудӣ канда, дар қисмати болоии боғ обанбор сохтаанд. Бо фароҳам овардани шароит сабзавоткорӣ ва бунёди токзорро низ ба роҳ мондаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода