Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июл, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 008
Дар панҷ моҳи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба 2 миллиарду 972,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 111,4 фоиз баробар мебошад.
Афзоиш 303,5 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ 115,4% (1 миллиарду 867,9 миллион сомонӣ) ва соҳаи чорводорӣ 105,2 % (1 миллиарду 104,9 миллион сомонӣ) мебошад. Дар ин давра дар вилоят 58195 тонна ғалладона, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полезӣ, 10746 тонна меваҷот ва 19988 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парвардаҳо истеҳсол гардид. Дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 102,9%, сабзавот 116,4 %, картошка 109,2%, полезӣ 137,5% ва меваҷот 114,6 фоизро ташкил мекунад.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
12-05-2021, 17:57