«Гулдастаи меҳр»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 217
Саидаи Рамазон, узви маҳфили «Адибони ҷавон»-и Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ, хонандаи синфи 10-и МТМУ №39-и ноҳия аст. Ӯ ҷавони соҳибистеъдод ва умедбахш буда, ғолиби як қатор озмунҳо мебошад. Чанде пеш маҷмуаи нахустини шеърҳояш - “Гулдастаи меҳр» нашр шуд. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ӯ мусоҳибаи кутоҳе доштем, ки онро пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем.
-Завқу ҳаваси Шумо ба шеър кай пайдо шуд?
-Вақти дар синфи дуюм таҳсил карданам. Ёд дорам, ки дар ҷое мисраи шеъреро хондам, он писандам омад.
Мисраъҳои дигари онро наёфтам, дар ҳамин ҳолат чанд мисраи дигаре ҳаммазмуну ҳамқофияи он эҷод кардам ва онро ба чаҳор мисраъ расонидам.
Ҳамин тавр, меҳри шеърнависӣ дар қалбам хона кард.
-Устоди Шумо дар ин пайроҳа кист?
-Ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар ҷодаи шеър устоди аввалину беҳтарин падарам аст. Падарам ҳарчанд аз дунёи эҷод дур бошанд ҳам, муҳаббату самимият ва насиҳатҳояшон ба ман илҳом мебахшид.
Шахсияти дигаре, ки сутуни пурқуввату харобнашавандаеро, ки омӯхтани шаклҳои гуногуни шеърӣ дар канори ман ниҳод, ин устодам Дӯстмурод Ёрматов ҳастанд.
-Китоби нахустинро бо дастгирии кӣ аз чоп баровардед?
-Маҷмӯаи нахустинам "Гулдастаи меҳр" асосан бо кумаку дастгирии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Одил Мирзовализода ба рӯйи чоп омад.
-Дар кадом жанр шеър навиштанро меписандед?
-Ба ман бештар навиштани ғазал писанд аст.
-Шумо, ки иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳастед, ба назаратон, он дар тарбияи насли наврас чӣ нақше дорад?
-Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" василаест барои насли ҷавони ҷомеа баҳри васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, мутолиа намудани асарҳо, пайдо гаштани меҳри Ватан-Модар дар ботини шахс, қадам ниҳодан ба шоҳроҳи фаррохи илм ва дастёб гаштан ба муваффақиятҳо.
-Дар оянда чӣ нақша доред?
-Пас аз хатми муассисаи таълимӣ орзу дорам, ки касби табибиро пеша намуда, ба халқу Ватан хизмат кунам. Ҳамчунин шеърҳои хубтару беҳтар эҷод карда, бо хомаи худ баҳри пешрафти Тоҷикистони азизам саҳми босазое гузошта бошам.
Ватан, эй нури дида, ганҷи дунё,
Туро чун модари худ дӯст дорам.
Нафасҳоям зи хокат ибтидо шуд,
Зи баҳри хоки ту ҷон месупорам.
Ватан, илҳоми ман аз кӯҳсорат,
Ватан, дору надори ман нисорат.
Ватан волотар аз волотаринҳо,
Ватан волотарин ганҷинаи ман.
Зи ту фарсангҳо гар дур бошам,
Бувад ишқи ту андар синаи ман.
Ватан, илҳоми ман аз кӯҳсорат,
Ватан, дору надори ман нисорат.
Ба дил дорам ҳазорон ормоне,
Ватан сарчашмаи ҳар ормонам.
Зи нӯги хомаам ишқи ту резад,
Ватан байту калому достонам.
Ватан, илҳоми ман аз кӯҳсорат,
Ватан, дору надори ман нисорат.
А. АБДУЛМАҶИД, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...