Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Хуросон


Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Хуросон




Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо иштироки намояндагони рӯзномаи “Хатлон” дар маҳалла, кӯча, деҳаҳои аҳолинишини ноҳияи Хуросон низ бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ гузаронида шуданд.

Ин иқдом дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар самти эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, таҳкими ваҳдату якдилӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму  тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», пешгирии нашъамандӣ, ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, ҳатмӣ будани таҳсилоти миёнаи умумӣ, пешгирии пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст.

Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаҳои аҳолинишини Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” бо сокинони маҳаллӣ суҳбату мулоқотҳо оростанд. Дар аснои вохӯриҳо сокинон моҳияти мавзуъҳои матраҳшударо дуруст дарк намуда, тарафдории худро аз сиёсати давлату Ҳукумат ва пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат баён доштанд.

Корбарӣ бо усули фардии “Хона ба хона” минбаъд низ ҳамарӯза бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии муовинони соҳаи иҷтимоӣ ва идеологии раисони шаҳру ноҳияҳо идома ёфта, аз натиҷаи фарогирии оилаҳо ҳар рӯз ба Ситоди вилоятӣ ба тариқи онлайнӣ гузориш дода мешавад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода