ДОЛЛАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 188
Дар замони Шуравӣ қурби доллар ба хоки сияҳ баробар буд. Шастуяк тини ҳамонвақта қиммати чандин долларбачаи майдаро дошт. Лекин, ба он муомилот намудан манъ буд. Касе, ки худнамоӣ карда, бо доллар харидуфурӯш мекард, гурумбаст паси панҷара мерафт. Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Советҳо, ки ҳамон аҳд як қуттӣ гӯгирд як тин арзиш дошт, доллар дар савдо роҳ ёфт. Аммо қадраш ҳамон замон чандон кироию казоӣ набуд. Сад долларро, ки мардум ҳазломез баргаки сабз мегуфтанд, бо сиюшаш сомонӣ харидан имкон дошт. Рафта - рафта қадри ин сабилмонда осмонию тарозузеркун шуд.
«Кулли явмин бадтар» гуфтагӣ барин солҳои баъдӣ арзиши ин хокбод якбора баланд гардид. Қиммати сад доллар ба ҳазору панҷсад - ҳазору ҳафтсад сомонӣ расид.
Одамон шӯхиомез дар хусуси саддоллара, ки дар рӯяш акси Ҷорҷ Вашингтон нақш ёфта буд, ба мисли чистон ҳатто ду байте бофтанд:
Сараш калай, ёл дора,
Якта як, ду нол дора.
Ёлҳои парешону дароз оҳиста-оҳиста зиндагии мардумро парешон сохт. Дар маҷлису маъракаҳо фақат дар забон номи доллар гардиш мехӯрд, зеро қурби ин исқотӣ ҳар лаҳзаю ҳар соат чун набзи инсон пастобаланд мешуд. Ҷавонон аз пайи он ким ба куҷое, ки намерафтанд. Хулоса, доллар ҷои салому алейку аҳволпурсиро гирифт. Одамон чун бо ҳамдигар рӯбарӯ меомаданд, аввал аз қурби доллар мепурсиданд, ки он чанд шудааст?
Дар яке аз ҷамъомадҳо мандонаме бо ифтихор номи чандин миллионерҳои ҷаҳонро, ки гӯё хешу табори наздикаш бошанду аз маблағи онҳо ба вай кавсан мерасида бошад, ба забон оварда, гуфт, ки онҳо бо доллар бозӣ мекунанд.
- Дар мо низ миллионерҳо солҳои охир зиёд шудаанд, ки долларҳояшонро саг намехӯрад, - шарҳ дод вайро марде дар ҷавоб.
- Ман бошам, ҳеҷ гоҳ аз пушти доллар овора шуда намегардам, - гуфт марде, ки то ин вақт хомӯш нишаста, суханҳои дигаронро гӯш мекард. Баръакс, доллар аз қафоям чун ришта аз пушти сӯзан доимо кашола аст.
- Агар ту ин қадар миллионеру доллардор бошию он аз пуштат кашола шуда гардад, хонаю дари фарсудаи аз раҳматии падарат меросмондаро таъмир мекардӣ. Ё дороиятро ҳамроҳ ба гӯр мебарӣ?
Сағераҳоят ҳам дар тан ҷилу ҷандаи ҳалол надоранд, - вайро сарзаниш кард шахсе.
- Бале, бале, - гапи ӯро об доданд дигарон. Умре дорем, туро ҳамин хел бекафан мебинем.
Мард аз ҷой хеста, Доллар, Доллар, - гӯён садо доду сӯи хонааш равон гардид. Доллар, ки лақаби сагбачааш буд, аз пушти вай кашола шуд...
С. Баёзӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...