Мулоқоти хотирмон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 197
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардаанд.
Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки олимони кишвар дар таҳияи ҳуҷҷати муҳими давлатӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи суханронӣ сарвари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Ба ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати қабули қонун “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” андешаронӣ карда, масъулин ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни зикршуда чораҳои дахлдор андешанд.
Вобаста ба интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута аз Сарвари давлат супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи забономӯзӣ, касбомузӣ ва мутобиқ ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ омода кардани ҷавонону калонсолоне, ки дар муассисаҳои зертобеи онҳо таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Одинамо Шарифзода,
номзади илмҳои педагогӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...