Рӯзи илми тоҷик таҷлил шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 апрел, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 211
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ба муносибати «Рӯзи илми тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён баргузор шуд.
Пеш аз оғози конференсия иштирокдорони он бо намоиши дастовардҳои илмию эҷодии ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ шинос шуданд. Ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки муассиса имрӯз ба боргоҳи бузурги таълимию илмӣ табдил ёфтааст ва дар он тамоми имконот барои таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ муҳайё мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 601 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 18 профессори штатӣ, 7 профессори ҳамкор, 184 нафар номзади илм ва дотсент, 37 нафар саромӯзгор, 362 нафар омӯзгор ва ассистент дар 43 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул мебошанд.
Гуфта шуд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 70 равия ҷараён гирифта, 139 мавзуъро дарбар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмии худро дар соли 2023 ва се моҳи соли 2024 дар 1985 номгӯйи кор, аз ҷумла 132 рисола, 33 монография, 12 китоби дарсӣ, 134 дастури методию васоити таълимӣ, 65 барномаи фанни таълимӣ, 1609 мақола ҷамъбаст ва дар конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ 709 гузориш пешниҳод карданд. Аз ҷумла, дар конференсияҳои байналмилалию маҷаллаҳои илмии хориҷи мамлакат 119 гузоришу мақола нашр намудаанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...