Чароғҳои мо то субҳ месӯзанд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 297
Шоира Ҳадиса Қурбонова менависад, ки рӯзе идораи маҷаллаи «Машъал» омадам. Ҳарчанд сармуҳаррир Мавҷуда Ҳакимова дар рухсатии дарозмуддат буд, вале ҳамеша дар ҷойи кор ёфтан мумкин буд, аз ин рӯ, ӯро пурсон шудам.
Ҳамкорон гуфтанд, ки чанд вақт аст, ки ба кор наомадааст. Ба хонааш рафтам. Ба рӯйи ман дарро писаронаш Анвару Аъзам кушоданд.
Мавҷуда дар рӯйи кӯрпача менишаст ва дар рӯйи доманаш кӯдаки навзоди чандрӯза дасту по мезад. Шод шуда, табрикаш кардам. Ӯ табассум карда гуфт, ки қарзи модариашро иҷро кардааст.
-Писар ё духтар?
-Писар, - гуфт бо як ҷаҳон муҳаббат. Интизори духтар будем, вале... ҳамааш фарзанд. Номашро Акрам мондем. –Ӯ тифлро рӯйи даст гирифт ва барои ором намудан рӯ-рӯи хона гашт, ба айвони хурдакак баромад ва ба бинои рӯ ба рӯ нигарист, ба хонаи кунҷакии қабати якум ишора карда гуфт:
-Аз шаб то рӯз чароғи ҳамон тиреза месӯзад. Медонӣ, дар он хона кӣ зиндагӣ мекунад?
-Не.
Дар он хона шоир зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳамсояи мо Лоиқ Шералист. То дамидани субҳ шабчароғаш месӯзад, ӯ хоб намеравад. Чароғи ман ҳам то субҳ месӯзад. Фарқи мо дар он аст, ки ӯ шеър менависаду ман то субҳ дар сари гаҳвораи кӯдак бедорам.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...