Шиква аз камии довталабон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 453
Шариф Бедаков, директори Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Курбонов, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки довталабон барои дохилшавӣ ба коллеҷ хеле кам мебошанд.
Ӯ гуфт: "Соли 2023 коллеҷро 70 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки 57 нафарро хатмкунандагони шуъбаи ғоибона ва 13 нафарашонро хатмкунандагони шуъбаи рӯзона ташкил медиҳанд. Хатмкунандагони шуъбаи ғоибонаи коллеҷ пурра бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Аз 13 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона 7 нафар ба ҷойи кор фиристода шуда, 8 нафар барои идомаи таҳсил дар макотиби олӣ роҳхат дода шуданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагони имсола 3 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд".
- Дар коллеҷ ҷиҳати тарбияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, меҳанпарастии донишҷӯён ва ахлоқу маънавиёти онҳо чорабиниҳои зиёди тарбиявӣ гузаронида мешаванд. То ин дам таҷлили ҷашни Соли нави милодӣ, иди Артиши миллӣ, Рӯзи
Модар, Наврӯзи ҷаҳонӣ, 1050-солагии аллома Абурайҳони Берунӣ, Рӯзи ҷавонон, рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки устодон, донишҷӯён ва меҳмонони даъватшуда бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуданд.
Зикр гардид, ки дар коллеҷ ҳамагӣ 173 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 93 нафаррон духтарон ва 80 нафарро писарон ташкил медиҳанд. 101 нафар донишҷӯён бо маълумоти миёнаи умумӣ (синфи 11) ва 72 нафари дигар бо маълумоти миёнаи асосӣ (синфи 9) дар коллеҷ таҳсил намуда истодаанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...