Ватанам, ту паёми сулҳ ҳастӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 419
Мо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ватан зиндагӣ ме кунем, ба он хидмат мекунем ва барои он мемирем.
Ифтихори Ватан ҷовидонист. Шукри Худованди бузургро мекунем, ки барои тоҷикон роҳнамо, шаҳсутун ва роҳбари дурандешу адолатпарвар офарид, то имрӯз Пешвои мардуми сарбаланди тоҷик бошад. Мо хушбахт ва сарфарозем, ки дар даврони душвор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият омад ва мушкилоти мардумро бо мурури замон рафъ намуд.
Воқеан роҳбарӣ масъулият мехоҳад, вале на ҳама ин қобилиятро доранд. Аммо Пешвои тоҷикони ҷаҳон тавонист миллатро сарҷамъ намояд, онҳоро аз парокандагӣ наҷот диҳад, дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббатро миёни мардуми шарафманди кишвар побарҷо нигоҳ дорад.
Мо бояд шукргузор бошем ва ба Ватани худ хизмати содиқона намоем, фирефтаи хоинони давлату миллат, ба монанди М. Кабирӣ, М. Садриддин, Ҳ. Ашӯров ва ҳамаслакони онҳо нашавем. Чун онҳо доғе барои миллати мо ҳастанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, “Террористро на Худо мебахшад, на бандагони Худо”.
Мо ҳама баҳри Ватан меҳнат мекунем.
Ишқи Ватан зебост, ифтихор аз он бузург ва мардонагиро нишон медиҳад.
Ба ҷуз Ватан сазовортар чизи дигаре нест. Ватан барои ҳама шаҳрвандони кишвар ва ба ҳама дилҳо азизу муқаддас аст.
Ватан муқими дили ман аст, ту ҳастӣ, ки ишқ то абад мемонад ва ту ҳастӣ паноҳгоҳи айёми кӯдакону бузургони кишвар. Муносибати байни одам ва Ватанро бо сухан ифода кардан мумкин нест. Муносибати як шаҳрванди гиромӣ бо кишвараш монанди муносибати обу моҳӣ ва муносибати дарахту ҳаво аст.
Зеботарин чизе, ки инсон аз сар мегузаронад, ифтихори ӯ аз кишвари худ аст.
Ватандӯстӣ дар рагҳои ман ҷорист ва ман ба он содиқ ҳастам. Ватан барои ман аз ҳама чиз азизтар аст. Чӣ қадар мояи ифтихору хурсандист, ки парчами кишвари мо бо ифтихори баланд ҷилва мекунад.
Бароямон бас аст, ки мо яке аз фарзандони кишвари зебои худамон бошем. Ватани ман зодгоҳи ман аст, ҷоест, ки ман онро бо тамоми дил дӯст медорам ва ба ягон сарвати дунё иваз кардан намехоҳам.
Зебогии рӯҳ ҳамеша аз зебоии кишвар сарчашма мегирад.
Ибораҳои зебое дар бораи ишқ ба Ватан ва садоқат ба он вуҷуд дорад. Ватанам, ту оғӯши гарме ҳастӣ, ки ҳамарӯза моро ба канор мегирӣ ва мо дар он оромии хонаводаамонро эҳсос мекунем. Ватан, ишқи аввалину охирини ман ту ҳастӣ. Ишқи туро ҳар рӯз месароям, Ватанам! Ишқи ҷовидонам, ҳамеша парчамат парфишон ва поянда бошад.
Кишвари ман мисли кӯҳи баландест, ки тӯфонҳо онро вайрон карда наметавонанд. Ҷойи ту, Ватан, дар қалби ман бузург аст ва ишқи ман бузург ва тавсифнопазир аст ва наметавонам эҳсоси худро бо чанд сухан маҳдуд кунам.
Ту, эй Ватан, илҳоми ман, такягоҳи ман, бахти ман, манбаи қувваи ман ҳастӣ. Вақте ки дар кишвари мо тинҷиву осудагӣ ҳаст, мо хушбахттарин одам ҳастем.
Шеъреро бо номи Ватан ва Пешвои миллат, Сарвари донишманду оқил ва дурандешу ҷасур, ки ҷавониашро барои ин давлату миллат бахшидааст, эҷод кардам.
Аз Паёми Пешво гӯям сухан,
Тоҷикистон аст мулки тинҷи ман.
Ин Ватанро Пешво зебо намуд,
Дилрабову дар ҷаҳон якто намуд.
Мардуми бонангу ори ин диёр,
Дар канори Пешво ваҳдатшиор.
Пешвои миллати мо халқи худро шод кард,
Марзу буми хешро аз душманон озод кард.
Хидмат оремаш зи сидқи дил ба ҷо,
Пешвои миллати мо раҳнамо.
Билоли Ҳикматулло,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...