Эй ҳамватан, ҳушëр бош!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 402
Душман чӣ мекорад?
Низоъ,
Кишташ чӣ бор орад?
Бало,
Моро зи ҳам созад ҷудо,
Эй ҳамватан, ҳушëр бош!
Ӯ дӯстрӯ, ту дӯстҷӯ,
Ӯ ҳилладон, ту содахӯ,
Фанд аст дар ҳар қанди ӯ,
Эй ҳамватан, ҳушëр бош.
Гаҳ ëру ëвар мешавад,
Гоҳе бародар мешавад,
Мор аст, аждар мешавад,
Эй ҳамватан, ҳушëр бош.
Иғвои мову ман кунад,
Моро ба мо душман кунад,
Коре чу Оҳарман кунад,
Эй ҳамватан, ҳушëр бош.
Чун гард боло мешавад,
Бар дидаат ҷо мешавад,
Бахтат таги по мешавад,
Эй ҳамватан, ҳушëр бош!
Алимуҳаммад Муродӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...