Неруи пешбарандаи ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 май, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 666
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста ба ҷавонон такя менамояд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Ин қишри ҷомеа қувваи бузург маҳсуб меёбанд ва дар амалишавии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар нақши муҳиму асосӣ доранд. Зеро қисмати зиёди аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин неруи созандаву муқтадири пешбари ҷомеа барои имрӯз ва фардои миллату давлат қувваи бузург ба ҳисоб мераванд. Сарзамине, ки ҷавонони бонангу номус дошта бошад, ҳеҷ гоҳ гурӯҳе ё афроде наметавонад аз қувваи зеҳнии онҳо истифода барад.
Пас аз соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат моҳи марти соли 1994 аввалин мулоқоти ӯ бо ҷавонони кишвар барпо гардид. Дар мулоқоти мазкур Президенти ҷумҳурӣ таъкид карда буданд, ки дастовардҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии давлати навини тоҷикон бо кору пайкори насли ҷавону ғайратманди сарзамин алоқаи ногусастанӣ дорад.
Боиси зикр аст, ки яке аз иқдомҳои пешгирифтаи маърифатдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки баҳри сайқал бахшидани илму дониш ва мустаҳкам намудани хотираи насли наврас ва ҷавонон зоҳир мегардад. Ҳоло ин иқдом дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мо-омӯзгорони ҷавон дар талошем, ки пайи амалҳои созандаи Сарвари кишвар амал намуда, дар таълиму тарбия саҳми назаррас дошта бошем.
Фариддун ХОЛМУРОДЗОДА,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...