Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Тозагӣ на дар он ҷоест, ки тоза мекунанд...


Тозагӣ на дар он ҷоест, ки тоза мекунанд...



Одамон ҳамеша бо покизагӣ ва тозагӣ майл мекунанд. Табъи зебоипарастӣ дар ҳар як шахс аз тарбия дар оила оғоз меёбад. Риояи одитарин қоидаҳои беҳдошт - шустушӯйи дасту рӯй, дандонҳо, тоза нигоҳ доштани либос маҳз аз калонсолони оила омӯхта мешавад. Пасон, масъулияти тозагии хона, ҳавлӣ, кӯча зам мешавад. Зеро тозагии муҳити атроф ба солимии ҳар яки мо таъсир мерасонад. Мо партовҳои маиширо, ки аз оилаҳои худ мебарорем, ба хизматрасонии коммуналӣ вогузор кардаем.

Моҳи гузашта аз сардии ҳаво мушкилоти ях бастани роҳҳо ба миён омаду “сир”-и тозагии мардум ошкор шуд. Дар сари роҳҳо партовҳо рӯйи тӯдаҳои барф парешон буданду табъи одамро хира мекарданд. Халтаҳои селофании сурху сиёҳ, пӯстлохи меваву сабзавот, уребчаҳои ғарамшуда, ҳатто дар роҳҳои пиёдагард рехтаву чошида буданд. Ба муносибати одамон тааҷҷуб мекунӣ. Агар имконияти бурдани партовҳо сари вақт имкон надошта бошад, чаро онро ба роҳу кӯчаҳо мепартоянд?

Баъзеҳо рехтани партовҳоро ба кӯдакон бовар карда, аз оқибати он бепарвоӣ менамоянд. Аввал он ки кӯдакон наметавонанд партовро ба қуттиҳои баланд резанд, аз тарафи дигар ба кӯдакон фармудани ин кор аз рӯйи инсоф нест. Ҳол он ки дар ҷойи манъшуда партофтани партов ҷарима дорад. Касе ба он парво намекунад. 

Маданияти шаҳрнишинӣ ҳамеша аз маданияти деҳот фарқ дошт. Дар одоби либоспӯшӣ, гуфтору рафтор, хӯрокхӯрӣ шаҳриён пешқадамтар буданд. Аммо имрӯз масъалаи тозагии маҳаллаву кӯчаҳо дар деҳот хубтар шудаву дар шаҳр гӯшаҳои пури партову ифлосӣ зиёд шудаанд. Дар деҳот партовҳо барои хӯроки чорво, поруи замин истифода мешаванд.

Дар таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандон партовҳоро ба навъҳо ҷудо мекунанд. Шиша, коғаз, латта, пӯстлохи меваву сабзавот, чизҳои пластикиро дар халтаҳои алоҳида ҷамъ мекунанд. Дар он давлатҳо коркарди партовҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳам тозагӣ риоя мегардаду ҳам манфиати истеҳсолот ба даст меояд. Як масале ҳаст, ки тозагӣ на дар ҷое мешавад, ки пайваста онро тоза мекунанд, балки дар ҷоест, ки онро ифлос намекунанд.

Агар хизматрасонии кормандони коммунали-ро ба назар гирем, ҳар рӯз, ҳафтае як маротиба дар маҳаллаҳои шаҳр бо мошинҳои пури партов барои тозагии атроф саҳм мегузоранд. Ҳол он ки имкониятҳо дар бораи сари вақт тоза намудани нуқтаҳои партов зиёданд.

Сокинони шаҳру ноҳияҳо барои тозаву озода будани маҳаллаашон чӣ кор мекунанд? Оё ин масъулият танҳо ба дӯши кормандони коммуналӣ аст? Чаро тозагии назди хона моро ба ташвиш намегузорад? Медонем, ки партовҳо боиси пайдоиши бемориҳо, ҳашароту хазандаҳои зараровар, бӯйи нохуш мегарданд. Аз рӯйи тоза ё ифлос будани хонаву маҳалла дар бораи одамони он хулоса мебароранд. Тозагӣ гарави солимӣ, нишонаи табъи хуш ва озодагӣ буда, доимо ба ин масъала будани диққатро талаб мекунад. Инсон бояд дар ҳама ҷо тозагиро риоя кунад. Он дар хона, коргоҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулияти якхеларо мехоҳад. Гузаронидани шанбегиҳо дар гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, хиёбонҳои шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст. Меҳнати фаррошон, кӯчарӯбҳоро қадр кардан, ба тозагии атроф ҳисса гузоштан вазифаи шаҳрвандии мост. Тозагию ободии маҳаллаамон 
на танҳо барои мо-сокинон, балки меҳмонони ташрифоварда низ таассуроти хуб мебахшад.

Бо зиёдшавии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала бештар диққат додан лозим меояд. Ин аз муносибати ҳар яки мо ба тозагӣ вобаста аст. Маданияти шаҳрдорӣ моро водор мекунад, ки ба ин масъала бетараф набошем.

Дилором Маҳкамова, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода