Нақши Сарвари давлат дар таърихи навини тоҷикон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 822
Қадами аввали Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пайи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоду поягузории сулҳ ва Ваҳдати миллӣ оғоз гардидааст. Аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш аз гуфтору рафтораш ҳамеша ҳувайдост, ки ӯ шахси сулҳдӯсту сулҳовар ва таърихсоз аст.
Дар таърихи тамаддуни башар афроде ҳастанд, ки бо кору пайкори худ дар ҷомеа нақши абадӣ мебозанд ва таърихнависон онро бо ибораи “нақши шахс дар таърих” барои ҳамешагӣ собит месозанд.
Сулҳҷӯӣ ва сулҳофаринӣ кори ҳар шахс буда наметавонад. Чунин кору пайкор аз табиати модарзодиву худододӣ ва тарбияи хонаводагӣ вобаста аст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин фармудаанд:
Чу дидӣ, надидӣ, бикун оштӣ,
Ба сулҳе, ба сулҳе бибар моҷаро.
Яъне, хоҳ дидиву хоҳ шунидӣ, низоъро ба сулҳ анҷом бидеҳ. Аз ҳамин ҷиҳат тамоми мардуми рӯи Замин ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: як гурӯҳ сулҳпарвар ва гурӯҳи дигар баръакс, ҷангандоз. Таърих собит кардааст, ки баъзеҳо табиатан ҳамеша норизо ва оппозитсияи замони худанд ва бархе дигар ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар ҳама ҷо сулҳ бошад ва шукргузори сулҳанд. Гурӯҳи сеюм вуҷуд надорад, зеро бетарафон зидди сулҳанд.
Аз ҳамин ҷиҳат, ба хулоса омадан мумкин аст, ки Президенти маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи байти фавқуззикри Мавлоно тарбият ёфтааст, тавонист, ҷанги хонумонсӯзи кишвар, ҷанги дохилии як миллат, ҷанги бузург, ба истилоҳ доманадорро, ба сулҳ биоварад. Ин кори саҳлу осон нест ва ҷойи ёдоварист, ки баъзеҳо ҳатто ҷанги ду нафарро ба сулҳ оварда наметавонанд, ногуфта аз он, ки ҷанги бародаркушии миқёси мамлакат бошад.
Ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар, ки сареҳан гуфтаанд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлату миллати тоҷикон тарҳрезӣ гардид”.
Абдулҳай КОМИЛӢ, профессор, академики Академияи
муҳандисии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00