НОМУС
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 487
Дар деҳаи мо хонаи ҷавонмарде ба коми оташ рафт. Аз даҳҳо ҳуҷра ва ҷиҳози хона хасе боқӣ намонд. Ҳатто дарахтони сарсабзи атрофи хона оташ гирифтанд.
Калону хурди деҳа гирди ҳам омаданду маслиҳат карданд, ки ба ӯ кумаки беғаразона расонанд. Дар рӯзи аввал зиёда аз сад ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда шуд.
Чанд тан номварони деҳа ин маблағро гирифтанду ба назди он ҷавонмард рафтанд. Суханро аз дур сар карданд ва хостори кумак шуданд. Ин ҷавонмарди баномус гуфт:
-Оташ фақат моли маро бурд, вале ман дасту пойи сиҳат дорам. Шукри сиҳатмандиам, ки метавонам боз соҳиби хона ва ҷиҳоз шавам. Ман маблағи ҳеҷ касро қабул карда наметавонам. Агар шодии дили маро хоҳед, дар сохтмони хона бо ман ҳамроҳӣ кунед. Ман намехоҳам, ки фардо касе ба фарзандонам таъна занад.
Аз бонк қарз гирифт. Дар ду моҳ ҳуҷраҳои аз аввала базебтар бино кард. Соҳиби ҷиҳозу рӯзгор шуд.
Рӯзи вориди хонаи нав шуданаш ба пиру барнои деҳа зиёфат дод.
Имрӯз бо фарзандонаш, ки ҳар кадоме соҳиби ҷоҳу ҷалоли хеш ҳастанд, рӯзгори осудае ба сар мебарад ва ҳамеша калимаи «шукр» дар забонаш аст.
Исмоил Зарифӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00