Азми бунёду азнавсозии 150 иншоот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 июн, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 152
Ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик давоми солҳои 2022-2026 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 150 иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, то ҷашн аз ҷумла таъмиру сохтмони 12 муассисаи таълимӣ, 1 боғчаи кӯдакона, сохтмони 2 китобхона, 2 беморхона, 4 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази саломатӣ, дорухона, 2 толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, 2 сартарошхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн, 13 маркази савдо, 15 маркази хизматрасонӣ, мумфарш ва сангфарш намудани 19 қитъаи роҳ ба масофаи умумии 114 км, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ ба масофаи 33 км 160 метр, кашидани хатти барқ дар 2 мавзеъ ба масофаи 8,5 км, сохтмони бинои 3 идораи давлатӣ, як дукони ҳунармандӣ, таъмири 3 адад пул, насб намудани 2 трансформатори барқӣ, бунёди 18 корхонаи саноатӣ, маҷмааи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст.
Дар ноҳияи Темурмалик то инҷониб аз иншоотҳои ба нақша гирифташуда дар 42 иншоот корҳои таъмирию азнавсозӣ ва сохтмонҳо бомаром идома дошта, аллакай 6 адад иншооти ҷашнӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/