2500-солагии «Тахти Сангин» ва Дафинаи беҳамтои он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 779
Халқи тоҷик дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш дар пешрафт ва густариши фарҳангу тамаддуни умумиҷаҳонӣ ҳиссагузорӣ намуда, пешрафти худро дар рушду камолоти башарият муайян кардааст.
Мардуми тоҷик чун мардуми куҳанбунёду тамаддунофар ҳиссаи арзандаи худро чӣ дар шакли маданияти миллӣ ва чӣ дар шакли ғайримоддӣ гузоштааст. Инро ҷустуҷӯю кашфи бос-тоншиносони солҳои охир, дар дохил ва берун аз қаламрави Тоҷикистон собит намуд. Дар асл, он меросе, ки дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз авлодону гузаштагон ба мо расидаанд, сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва пешниҳоди ояндагон гардонидан мебошанд. Он халқу қавме, ки мероси гузаштаро дӯст намедорад, эҳтиром наменамояд, ба гумномии таърих афтода, аз байн меравад, ба фаромӯшхонаи таърих меафтад.
Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Он қавму миллате, ки ба гузаштаи худ эҳтиром намегузорад, ояндаи он норавшан аст”.
Эҳтиром гузоштан ба масъалаҳои муҳими рӯз – ин истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангӣ, бахусус ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Шароит фароҳам овардан барои дидан кардани сайёҳон, таҳияи хатсайрҳо, истифодаи васеи онҳо ба ҷалби туризми байналмилалӣ имрӯза дар ҷодаи мазкур мебошад. Самти дигари муҳиму зарурии аҳли фарҳанг ин ба мероси умумиҷаҳонии фарҳанги ЮНЕСКО ворид намудани мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии кишвар мебошад. Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз ибтидои давлатдории навини тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор дошт.
Ҳатто дар Конститутсияи кишвар гуфта мешавад: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошад. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст”.
Бояд қайд кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №577 “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” тасдиқ гардид, ки он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” таҳия шуда, доир ба рушди соҳа марҳилаи сифатан нав гардид.
“Тахти Сангин” ёдгории монументалӣ буда, яке аз меросҳои бостонӣ, меъморӣ ва таърихии пурғановати “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ”-и маҳсуб мегардад. Таърихи пайдоиши он ба ҳазораи якуми пеш аз мелод нисбат дода мешавад. “Тахти Сангин” шоҳиди ягонаест дар кишвар, ки ба мо аз гузаштаи таърихии аҷдодонамон ҳарф мезанад.
Ин шаҳри қадима “Тахти Сангин” дар қисми якҷошавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, ки инҷоро Амударё мегӯянд, макон дошта, ҳудудаш ба ноҳияи Қубодиён рост меояд. Ин шаҳри қадимаи “Тахти Сангин” дар баъзе сарчашмаҳо “Тахти Қубод”- муқобили дарёи Ому ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсоя мебошад. Роҳраву сутунҳои бузурги ин шаҳр аз сангҳо сохта шудааст. Аз рӯи гуфтаи олимон, ки ин шаҳро таҳқиқ кардаанд ва онро “Тахти Сангин” ном гузоштаанд, ки монанд ба “Тахти Ҷамшед” мебошад.
Ин дар шакли росткунҷа ҷойгир буда, аз куҳандиз ва бошишгоҳи начандон калон иборат мебошад. Донишмандону олимон ақида доранд, ки “Хазинаи Амударё” аз харобаҳои ин дарё ёфт шудаанд. Ин ёдгорӣ дар паси қаторкӯҳи Тешиктош, дар соҳили дарёи Ому дар ҷое, ки оби рудҳои Вахш ва Панҷ бошад, ҷойгир аст. “Тахти Қубод” дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ “Тахти Сангин” ёд мешавад.
Дар бораи “Тахти Қубод” ном гирифтани ин мавзеъ ривояти зиёде мавҷуд аст. Дар ривоятҳо гуфта мешавад, ки шоҳ Қубод духтари дар ҳусну малоҳат беҳамтое доштааст. Духтар ба беморие гирифтор мешавад. Табибони гуногунро аз гирду атроф меоранд, вале ҳеҷ як табиб дармони духтари шоҳро намеёбад. Яке аз олимони дарбор, ки аз илми тиб бохабар буд, тавсия медиҳад, ки барои бемор як ҷойи табобати хушбоду ҳаво ва зебо лозим аст. Ин гуна мавзеи хушобу дорои иқлими биҳиштосоро дар макони ҳозираи ёдгории “Тахти Сангин” писанд мешавад.
Ҳангоме ки шоҳ Қубод ба макони зебо омада, манзараҳои зебою дилкаш, қаторкӯҳҳои баланд, якҷошавии якчанд дарёҳои мусаффоро мебинад, хеле шод мегардад. Дар соҳили дарё як қасри зебою боҳашамат ва ҷойи истироҳатгоҳ бунёд мекунад. Баъдтар, дуртар аз ин мавзеъ бо супориши шоҳ Қубод дар ҷойи ҳамвору зебо шаҳре бунёд менамоянд. Баъди гузаштани муддате, духтари шоҳ шифо меёбад.
Баъдтар, бо супориши шоҳ Қубод духтар аз “Тахти Сангин” шаҳре бунёд менамояд, ки он Қубодиёни ҳозира мебошад, ки масоҳаташ 100 гектар заминро дар бар мегирфт.
Ҳангоми бунёди шаҳр ҳунари кандакорӣ, миёни бошандагон рушд ёфта буд. Бунёди қасру бошишгоҳҳо бо ороишоти сангу дигар олоти хоси он замон бозгӯ ва рушди ҳунармандӣ, хусусан кандакорӣ тараққӣ карда буд. То ин давра он сутунҳои сохташуда шаклу намуди хешро гум накардаанд.
Амалу нигори тарошидашудаи дар чӯбҳо ва сутунҳо аз рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ, геометрия, табиатшиносӣ бозгӯӣ менамоянд. Аз гуфтаи бостоншиносон дар ноҳияи Қубодиёни ҳозира панҷ шаҳри замони Ҳахоманишиён пайдо шудааст, ки онҳо низ дорои тамаддуни баланд будаанд.
“Тахти Сангин” яке аз нодиртарин ёдгориҳои замони тоисломии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ дар ин ёдгорӣ 3 қабати фарҳангӣ пайдо намудаанд, ки ҳар қабати он бозгӯи давраҳои гуногуни давлатдорӣ ва таърихӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки бозёфтҳои мо дар ҳар кишвар зиёданд, чунин бозёфтҳо ба монанди бозёфти “Тахти Сангин”, ки ба дигар кишварҳо интиқол ёфтаанд, мо дар вақташ ё ҷой надоштем ва соҳиби карда натавонистем. Аммо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз “Дафинаи Амударё” ва ашёи онро нусхабардори намуда, дар осорхонаи миллӣ ба маъраз гузоштаем.
Истода Мухторова,
омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...