ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Бибиам эътироз дорад...


Бибиам эътироз дорад...



Салом, кормандон ва хонандагони рӯзномаи дӯстдоштании мо - «Хатлон»! Ман хонандаи доимии рӯзнома ҳастам ва ҳар шумораи онро бесаброна интизор мешавам. Рӯзнома дар ҳақиқат ҳамдилу ҳамнафаси хонанда гашта, ҳамаи паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти соҳаҳоро дар бар мегирад. Мо хурсандем, ки “Хатлон”-и мо дар вилоят дар байни рӯзномаҳои даврию соҳавӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Ҳайати эҷодӣ ва хонандагони рӯзномаро бо ин пирӯзӣ табрик менамоям.

Дар синфи 11 таҳсил мекунам. Рости гап, як масъала бисёр парешонхотирам кардааст ва дар ин маврид мехоҳам маслиҳат ва фикри ҳайати эҷодӣ ва дигар хонандагони рӯзномаро бигирам.

Дар оилаи мо, одатан, аҳли хонавода танҳо ҳангоми хӯроки шом сарҷамъ мешаванд. Давоми рӯз дар хона бибиям бо додарчаам мемонаду дигар аъзои оила аз пайи коранд.

Бибиям хӯроки шомро бесаброна интизор мешавад, зеро танҳо дар он вақт бо аҳли хонавода сарҷамъ нишаста, суҳбат менамоянд ва баҳри дилашон кушода мешавад, зиқиашон мебарояд. Мутаассифона, ин орзуяш амалӣ намешавад, хурсандиашро намебинам. Аҳли оила дар сари дастурхон низ “бекор” нестанд. Бо телефонбозӣ машғул шуда, ҳузури бибиро ҳис намекунанд. Бибиям бо эътироз мегӯяд: “Чияй да даруни ҳаму оҳанакотон, ки ҳеҷ тамом намешаван?”

Ин паёмро бо хоҳиши бибиам навиштам.  Илтимос, онро дар рӯзнома чоп кунед. Мехоҳам бидонам, ки дар дигар оилаҳо ҳам чунин ҳолат бошад? Чӣ хел онро бартараф намоем? Маслиҳати шуморо интизор мешавам. Қаблан ташаккур!

Бо эҳтиром Азиза,
хонандаи доимии “Хатлон” 

Аз идора : Хонандагони азиз! Шумо ба аҳли оилаи Азиза чӣ маслиҳат медиҳед?

Маслиҳатҳои худро тариқи почтаи рӯзномаи «Хатлон»: khatlon.tj@mail.ru ё месенҷерҳои IMO, Viber, WhatsApp, Telegram (+992 905-22-00-83) ба мо расонед

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода