Вақте ки падарам механдад, гумонам ҷаҳон механдад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 май, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 895
Падарҷони азизу меҳрубон, ғамхору дардошно, донишманду хирадмандам! Имрӯз барои мо-фарзандону наберагон рӯзи муқаддасу хурсандӣ аст. Зеро Шумо зодрӯз доред ва он дар ҳалқаи азизону ҷигарбандон мегузарад. Имрӯз ин ҳавлӣ боз пур аз хандаи тифлон, меҳру муҳаббати гарми фарзандон гаштааст. Гӯё хуршеди оламоро тамоми гармиву рӯшании нурҳои заррини худро ба ин хонавода ато намудаю онро ба ҷаннати рӯи замин табдил додааст.
Падарҷон! Агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, бо шири сафеду аллаҳои ширинаш ҷон бахшида бошад, Шумо бо меҳру муҳаббат, насиҳату маслиҳатҳои худ фарзандонро ба камол расонидед, сутуни ҳаёти мо шудед.
Бисёр вақт расми шуморо пешорӯям гузошта, дар танҳоӣ бо шумо суҳбат карда, диламро мекушоям. Даврони кӯдакӣ, даврони ширину бепарвоӣ. Ҳамеша лаб пур аз ханда буду бе мушкилӣ зиндагӣ мекардам. Бехабар аз он ки бори рӯзгорро Шумо бар дӯш доштед, 7 фарзандро бо меҳнати ҳалоли омӯзгорӣ ба камол расонидед, соҳиби илму дониш ва касб кардед. Ин ҳама ба хотири он, ки ояндаи хушу хуррам, шиками серу тани пӯшида, касбу кори фоидаовар дошта бошем, дар зиндагӣ нони ҳалолу номи нек пайдо кунем, рӯзгорро бе мушкилӣ пеш барем.
Мо камол ёфтем, гумон кардам, ки акнун Шумо вазифаи падариро иҷро карда, даврони ширини пирӣ меронед. Вале гумони ман ботил баромад. Шумо боз ҳамон сутуни хонадон, ғамхори фарзандон, ҳамон масъулиятшинос боқӣ мондаед. Акнун ғами ба камол расонидану хонондану соҳиби илму дониш ва касб шудани наберагонро мехӯред. Боз насиҳатгару роҳнамо ҳастед. Бисёрҳо мушоҳида мекунам, ки ба онҳо афсонаҳои ширин нақл мекунед, ҳамроҳашон машғулиятҳои варзишӣ ва таълимӣ мегузаронед, онҳоро шомгоҳон ба сайругашти шаҳри азизамон мебаред. Бо шумо будан чи хуш аст, ҳамаи мушкилиҳо як сӯ мемонанд, рӯҳ болида мегардад. Дар ҳузуратон ҳамеша оромӣ аст.
Падарҷон! Шумо қавитарин, зирактарин, меҳрубону одилтарин инсони рӯи замин ҳастед. Тамоми ҳаёти худро ба мо бахшидед, то фарзандон чун инсонҳои шоистаи даврон ба камол расида, номдору номбардор шаванд. Ҳар гоҳе, ки ба меҳмонии мо меоед, хонадони мо пур аз ханда мешавад, бо худ файзу баракати зиёд меоред. Вақте ки Шумо-падарҷон, механдед, гумон мекунам, ки оламиён, яъне ҷаҳон механдад.
Зиндагии пур аз нишоту саодати Шумо бо модарам мактаби зиндагӣ ва оиласозӣ, ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрати мо-фарзандону наберагон аст. Бо ҳидоятҳои Шумо ба зиндагӣ қадамҳои устувор гузошта, ба пеш меравем.
Бо хислатҳои неки инсонии худ моро роҳнамою роҳкушо ва соябони сарамон бошед. Дар рӯзи муборак - 80-умин солгарди умратон ба Шумо сиҳату саломатӣ, рӯзҳои хушу гуворо ва пурбаракат таманно дорем.
Лола САБУРЗОДА
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...