Чойи кабуд беҳтарин даво
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 998
Чойи кабуд нӯшокии беназир аст. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ моддаҳои фаъоли биологӣ хеле фаровон буда, он хосияти зиддимикробӣ ва зиддиомосӣ дорад.
Дар ҳавои гарм ҳеҷ нӯшокие наметавонад ҷойи чойи кабудро иваз намояд. Чойи кабуд боиси хориҷ шудани арақи бадан гашта, дар баробари ин ба мубодилаи оксиген, обу намак таъсири муфид расонида, сатҳи холестеринро дар хун паст менамояд. Онҳое, ки чойи кабудро ба меъёр менӯшанд, имкони аз халал ёфтани мубодилаи моддаҳо, ки сарчашмаи бисёр бемориҳост, раҳоӣ ёфтанро доранд.
Чойи кабуд фишорбаландӣ, исҳоли хунин, тиффи шикампечро шифо бахшида, аз витамини Е, 10 баробар бештар таъсир дорад. Хосияти зиддисаратонӣ доштанаш чойи кабудро машҳур гардонидааст.
Дар Пажӯҳишгоҳи бемориҳои саратонии Хитой хосиятҳои зиддисаратонии 108 алафу гиёҳро таҳқиқ карда, ба натиҷае расидаанд, ки таъсири чойи кабуд аз дигар алафу гиёҳҳо чандин маротиба афзунтар аст. Донишмандони Ҷопон муддати се сол дар байни одамони аз 65-сола боло пурсиш гузарониданд. Баъди омӯзишу таҳлилҳо муайян гашт, ки одамони мунтазам чойи кабуд менӯшида нисбатан фаъолу серҳаракатанд.
Таҳияи ГЕСУ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...