107 баҳори умр муборак!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 март, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 173
Дар остонаи Рӯзи модар ба аёдат ва суроғи Райҳонбӣ Нозимова, сокини Ҷамоати деҳоти “Даҳана”, деҳаи Ёхсучиёни шаҳри Кӯлоб, раҳсипор шудем. Ба ҳавлии ин модари саропо нозанину хушабрӯ ворид гаштам. Фарзандону наберагонаш моро истиқбол намуда, назди модари азиз Райҳонбӣ бурданд. Суҳбати мо бо Райҳонбӣ Нозимова наздики як соат идома ёфт.
Маълум шуд, ки ӯ бо амри тақдир дар синни сесолагӣ аз падару модар маҳрум монда будааст. Райҳонбӣ Нозимова 8 марти соли 1916 дар Ҷамоати деҳоти “Сари Хосори” ноҳияи Балҷувон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида, ҳамчун деҳқони асил солиёни зиёд заҳмат кашидааст. Номбурда соҳиби 4 фарзанд, 70 набера ва 30 абера буда, дар тарбияи ин пайвандон саҳми беандоза дорад. Ӯ занест кордону рӯзгордида, меҳнатдӯсту қавиирода, зане ки умри пурбаракати хешро дар хоҷагидорӣ сарф намудаву имрӯз ба синни 107 расидааст.
Бо хушӣ метавон гуфт, ки имрӯз Райҳонбӣ Нозимова дар иҳотаи фарзандону наберагони қадрдонаш рӯзгори осуда дорад. Чун рӯзҳои сахту вазнинро паси сар намудаааст, дар суҳбат изҳори сипосу миннатдорӣ аз роҳбарияти олии мамлакат, хосатан аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҳамеша даст ба дуост, ки дар кишвари азизамон -Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу субот пойдор бошаду оромиву осудагӣ доимо насибамон гардад.
Далер Шарифов,“Хатлон”