Сафиямоҳ ояндаи дурахшон дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 090
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Ҷойи дигар таъкид менамоянд, ки: «Кас ҳамон вақт подшоҳи олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад». Дар ҳамин радиф адиби маъруфи доғистонӣ Расул Ғамзатов ба маврид арзёбӣ карда: «Халқи бекитоб мисли одамест, ки оина надорад, вай рӯйи худро дида наметавонад».
Тӯли се сол аст, ки тибқи фармони Президенти кишвар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни тамоми қишри ҷомеа баргузор мегардад. Дар ин озмун аз пиру барно сар карда, то донишҷӯёну толибилмони мактабҳо иштирок менамоянд. Қаҳрамони мо яке аз иштирокчии фаъоли озмуни мазкур дар ду соли охир мебошад. Сафиямоҳ Юсупова, хонандаи синфи 5-и литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, тӯли ду сол аст, ки дар ин озмун шаҳри Бохтарро муаррифӣ мекунад.
Сафиямоҳ аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон бо 3 ҳазор мисраи шеърӣ, 200 китоб, чистону афсона, тезгӯяку ҳикояҳо аз ёд намуда, фаъолона ширкат варзид. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҷойи ифтихорӣ ва соли гузашта бошад, дар байни садҳо ҳамсолонаш сазовори ҷойи сеюм гардид. Бояд қайд намуд, ки Сафиямоҳ соли 2021 аз шаҳри Бохтар ягона иштирокчие буд, ки соҳиби ҷойи намоён гашт. Сафиямоҳ миннатдории хешро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонад, ки барои ӯ ва дигар наврасону ҷавонон чунин шароити хуб фароҳам сохта, барои ҳавасмандгардонии онҳо чунин озмунҳоро ташкил намудаанд.
Ба андешаи Сафиямоҳ, китоб мушкилкушои ҳама мушкилоти ҳастӣ буда, касро ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рӯҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд: «Ганҷ магир, китоб гир». Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун дӯсти бозор ва бовафо боқӣ хоҳад монд: Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб, Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб. Модари Сафиямоҳ - Парвина Муродиён омӯзгор аст. Дар хона ба ӯ китобҳои лозимаро дастрас менамояд. Дар мактаб бошад, омӯзгораш Раҷабмоҳ Давлатова барои Сафиямоҳ кумакашро дареғ намедорад. Ба андешаи Р. Давлатова, Сафиямоҳ аз хурдӣ духтараки фаъолу сухандон ва соҳиби ҳофизаи қавӣ мебошад.
«Дар баробари хондан ва аз ёд кардани шеъру афсона, инчунин Сафиямоҳ рассоми хуб буда, дар дигар фанҳо низ фаъол аст. Иштирокчии олимпиадаҳои фаннӣ мебошад. Бобояш профессори шодравон Ҳасани Муродиён ба ояндаи Сафиямоҳ нигоҳи нек дошт, ҳамеша мегуфт, ки ояндаи дурахшон дорад, агар кумакаш кунем, шояд нависанда шавад», - иброз дошт Раҷабмоҳ Давлатова, муаллимаи Сафиямоҳ Юсупова. Сафиямоҳ, ки тибқи шарти озмун то се соли дигар дар озмун ишитрок карда наметавонад, ҳоло ба забономӯзӣ диққати бештар медиҳад. Ҳамчунин Сафиямоҳ истеъдоди навиштан ҳам дорад.
Тавре муаллимааш иброз дошт, якчанд ҳикояи Сафиямоҳ аллакай таҳрир шудаанд ва ба наздикӣ дар маҷаллаи кӯдакона ба чоп хоҳанд расид. Сафиямоҳ ба наср ва эҷоди бадеӣ шавқи беандоза дорад. Мо ба ояндаи неку дурахшони Сафиямоҳ ва дигар ҳамсолони фаъолаш умед мебандем, то дар оянда дар қатори беҳтаринҳо бошад.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»