Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Беҷуръат


Беҷуръат



Ҷавонӣ! Он давраи тиллоӣ ва бебозгашт аст. Дар ин айём қалб лабрези орзуҳост. Ҷавонон ошиқ мешаванд. Вале, баъзан онҳо ҷуръат намекунанд, ки ба якдигар изҳори муҳаббат намуда, рози дил гӯянд.

Биёед, ба суҳбати ду дилдода - ҷавонписари беҷуръат ва духтари интизор гӯш бидиҳем.

-Ту медонӣ, ман қатъӣ қарор додам...Ман ба ту гуфтаниам, ки..., хулоса, қарор додам: мактабро хатм карда, баъд...

-Баъд чӣ?

-Баъд, баъд... Ҳа, ба донишгоҳ дохил мешавам. Таҳсилро идома медиҳам. Ана мебинӣ, ки... номзади илм...Ана, баъд зуд...

-Зуд чӣ кор мекунӣ?

-Маро ба аспирантура мегиранд. Мавзӯи аҷоиб, роҳбари хубу донишманд, ҳимоя, анамана нагуфта ин солҳо ҳам мегузаранд...

Ана, баъд...

-Баъд чӣ?

-Ба кори хуб медароям. Вазифаи калон, маоши баланд, хонаи ҳозиразамон, мошини хориҷӣ, ана баъд...

-чӣ, баъд?

-Ҳимояи рисолаи докторӣ, баъд...

-Баъд чӣ, зудтар бигӯ!...

-Истироҳат мекунам. Ба сайру саёҳати олам мебароям-Лондон, Париж, Токио, Амрико, Ҳиндустон! Баъди истироҳат...

-Хӯш?

-Боз ба кор мебароям. Озмунҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо... Шогирдон...

Кашфиётҳо... Ва, баробари хастагии худро ҳис кардан, ба нафақа мебароям.

Ана баъд...

-Охир, пирам кардӣ, зуд бигӯ, баъд чӣ?

-Баъд чӣ, баъд чӣ, ин қадар бетоқатӣ.

Баъд туро ба занӣ мегирам. Фаҳмидӣ охир?!

-Хайрият-е!-нафаси сабук гирифт духтар.

С. Атт ор, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода