Комрони БАХТИЁР, хабарнигори шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори омма
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 феврал, Бахш: Ҳайати эҷодӣ, Боздид 888
Соли 1993 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, соли 2016, мебошад.
Аз соли 2014 дар нашрияи вилоятии «Хатлон» ҳамчун хабарнигор ва аз соли 2021 то ба ҳол масъули сомона мебошад.
Аз 1-уми феврали соли 2019-ум омӯзгори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
Ғолиби ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзноманигорони ҷавон» дар бахши чандрасонаӣ (сомона) дар соли 2015.
Ҳамчунин, аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят “Беҳтарин хабарнигори ҷавон дар соли 2015» дониста шудааст.
Ҳаммуаллифи маҷмӯаи «Навниҳолони боғи сухан» (2015) мебошад.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2014), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон аст.