Дар як сатр
» » Шукрона аз он, ту ҳастӣ, ҳамсар

Шукрона аз он, ту ҳастӣ, ҳамсар

7-03-2015, 11:47

---Дар васфи ҷонфидоии як зани шӯроободӣ---


Шукрона аз он, ту ҳастӣ, ҳамсарСалом редаксияи азиз! Ман сараввал расидани баҳору омадани иди модаронро ба тамоми бонувони хатлонӣ шодбош мегӯям.

Бонувони азиз! Дар васфи шумо чизе мехоҳам нависам, аммо он хостаам ба табъи дил намебарояд. Чӣ кунам, ки дар тасвири ҳусни дилороятон, лутфу меҳрубониҳоятон оҷизу нотавонам. Гоҳ даст ба назм, гоҳ даст ба наср мезанам, аммо ҳеҷ нест, ки чизе сазовори шумо эҷод шаваду пешкашатон намоям. Эй зебосанамони миллати ман, эй гулдухтарони давлати ман, эй наслофаринони зебу зиннати халқу ватанам, ҳамеша ҳамингуна офаранда, зебанда ва тобанда болои сари фарзандону ҳамсарони хеш бошед.

Мехостам қиссаеро, ки бо чашмони хеш шоҳид гаштаам, пешкаши шумо, бонувони гиромӣ, намоям, то ки дар зиндагӣ нисбати ҳамсарони хеш ғамшарику ғамбарор бошед. Соҳибсухане фармуда:

Зан магӯяш дар ҳангоми дард,
Тори мӯяш беҳ зи сад мард.


Қисса мекунам аз ҷонфидоии як зан, зане, ки чун дигар занҳо камтараддуд нест. Занест, ки тӯли шаш сол мешавад аз рӯзгори осоиштаю гашту гузор дар кӯчаҳои беғами зиндагӣ маҳрум аст. Ин бонуи меҳрубон Латифамо ном дорад.

Латифамое, ки рафтору гуфтору пиндораш низ латиф аст. Момои Латифамо муддати панҷ сол мешавад, ки ҳамсари бемору бистариашро нигоҳубин мекунад. Ӯ ноланда нест аз зиндагӣ, аз хизмат ба шавҳараш, ӯ баръакс, сипосгузор аст аз имтиҳони Худованд, ки метавонад бо ин баҳона заррае ҳам бошад, қарзи ҳамсариашро адо намояд. Вақте назди ин нафари бемор - устоди заҳматкашу фидокори ноҳияи Шӯрообод Гулмади Мирзо қарор доштам, муносибати ин занро нисбати ҳамсараш дида, ҳайрон мондам.

Хонандаи азиз, занҳои гиромӣ, ин зан гӯё ба шавҳараш нею ба фарзанди навзодаш меҳрубонӣ мекунад. Ӯро чун кӯдаки парпеч нигоҳубин мекунад. Аҳсант мехонем ба ин зан. Дар деҳаи Навободи ин ноҳия кам нест чунин занҳо, ки дар баробари таълиму тарбияи фарзандон боз шавҳарони беморашонро ба хотири фарзандону охирати хеш нигоҳубин менамоянд. Мехостам дарди дили ин марди беморро нисбати ҳамсари ғамхораш, ки бениҳоят сипосгузор аст, тариқи назм пешкаши хонандаи гиромӣ намоям.

Ту ёри накуву хушсимоӣ,
Чун субҳи саҳар босафоӣ.
Дар роҳи ҳаёту зиндагонӣ,
Ту ёвари хубу раҳнамоӣ.
Ойинаи табъам хира гардад,
Ойинаи манро ту ҷилоӣ.
Ҳар кулфате ояд ба сари ту,
Ҳаргиз нагӯйӣ, ки чароӣ.
Бо сабру қаноату таҳаммул,
Оҳиста ба лутфу дилрабоӣ.
Ойӣ ба барам, қисса созӣ,
Аз шарм маро раҳо бисозӣ.
Бо меҳри фузун, чу субҳи хандон,
Бекибру ғуруру худнамоӣ.

*****
Бар хона дароям, хона обод,
Фаршу дару мизу курсӣ озод.
Асбобу сукун ҳама саранҷом,
Аз шодии дил шавам ба фарёд.
Фарзанду ҳама аёли хона,
Биншаста гӯӣ ба назди устод.
Тифлон ба гирдад ҳалқа баста,
Бо хотири ҷамъу бо дили шод.
Коре ту кунӣ, куҷо кунад мард?
Ин гуфти маро бигир ту дар ёд.
Эй моҳи баланди камнамоям,
Ту меҳвари ишқӣ аз бароям.
Аз шавқи ту ончунон мастам,
Ҳиссе накунам ранҷу ҷафоям.
Эй ёр, набошӣ дар барам гар,
Вайрон бишавад хонаву дар.
Хоки қадамат ба дида молам,
Шукрона аз он, ту ҳастӣ ҳамсар.


Одина Шермади НАЗМӢ,
сокини деҳаи Навободи ноҳияи Шӯрообод



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бозгашт ба маҳбас

Бозгашт ба маҳбас

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Духтари чорум

Духтари чорум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш...

Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш...

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА