Шоҳиди ду асру даҳ сол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 март, Бахш: ---, Боздид 621
Ба аёдати инсони як асру даҳ сол умрдошта - бибии Нордона Соҳибназарова, сокини деҳаи Максим Горкийи Ҷамоати деҳоти «Яккатут»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамроҳи раиси маҳалла Ҷалолов Саидакбар рафтем.
Раҳораҳ аз умри бобаракату хислатҳои ҳамидаи инсони комили калонсолтарин сокини деҳа раиси маҳалла ончунон бо ҳарорату меҳрубонӣ ва ихлосмандӣ мегуфт, ки чӣ тавр наздики хонааш омаданамонро нафаҳмида мондем. - Ин зани аз меҳнати ҳалол обруёфта эҳтироми тамоми мардуми деҳотро дорост. Фарзандонаш бобову бибиянду набераҳояш падарони меҳнатқарин,- бо шавқ нақл мекард Ҷалолов Саидакбар. - Ҳарчанд синнаш ба ҷое расидааст, ҳоло ҳам сутуни хонадон асту фарзандонро маслиҳатгару раҳнамост. Воқеан, бибии Нордонаро дар ҳамин сифат дидем. Бо фарорасии баҳори тозаи умраш табрик гуфтем. Изҳор доштем, ки соҳибобрӯиву умри бобаракаташро дар сатҳи вилоят низ медонанд. - Ҳамааш бо шарофати ғамхориҳои Сарвари давлат аст.
Дар ҳар иду айём савғотим меоранд. Шукри тинҷиву осудаҳолӣ, - мегӯяд бибӣ ва бо дили пур аз эҳсосот илова мекунад: “Бачаҳом меҳнатианд, Ҳақназару Нарзулло, Сайфулло бароям ганҷи дунёанд”. Оҳиста-оҳиста риштаи суханро ба оғози зиндагиаш мекашем. Бино ба қайди дар шиносномаашбуда санаи таваллудаш ба 28-уми июли соли 1912 рост меояд. Зодгоҳаш ноҳияи Тоҷикобод. Соли 1948 бо аҳли оила ба водии Вахш муҳоҷир мешаванд, баҳри азхудкунии заминҳову ободкуниҳои маҳал.
Тақдир онҳоро ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ меорад. То ба нафақабароӣ дар колхоз (хоҷагии дастаҷамъона) меҳнат кардааст. Соҳиби 8 фарзанд ва 15 набера мебошад. Аз умри пурбаракату зиндагии босаодаташ қаноатманд аст. - Шукри онро мекунам, ки дар кишвари ҳамешабаҳори тоҷикон сулҳу салоҳ танинадоз асту набераву аберагон дар фазои соҳибистиқлолӣ илму ҳунар мегиранд, баҳри ояндаи дурахшони давлату миллат, - даст ба дуо бардошта мегӯяд бибии Нордона Соҳибназарова.
М. Ашӯров