Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Чанд омӯзгор аз имтиёзҳо баҳравар гардид?


Чанд омӯзгор аз имтиёзҳо баҳравар гардид?



Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон”, дар давоми солҳои 2007 - 2021-ум дар вилояти Хатлон 2115 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 178 нафар бо замини полезӣ, 611 нафар бо қарзҳои имтиёзнок, дар умум 2904 омӯзгори ҷавон аз имтиёзҳо бархӯрдор гардиданд.


Дар соли 2021-ум 68 нафар соҳиби имтиёз гардиданд, аз ҷумла 36 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 1 нафар бо замини полезӣ ва 31 нафар бо қарзҳои имтиёзнок таъмин карда шудаанд. Қобили қайд аст, ки соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун 28 нафар, Фархор 7, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг 8-нафарӣ, Восеъ 5 нафар, Кӯлоб, Балҷувон 4-нафарӣ, Левакант 2 нафар, Дӯстӣ ва Носири Хусрав 1-нафарӣ аз ин имтиёз баҳравар гардиданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода