Дар як сатр
» » Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст

Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст

23-02-2017, 15:01

Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст


Муроҷиати модар ба писари сарбозаш, ки хизмати ватанро сарбаландона адо мекунад

Салом, мушти зарам!
Салом, болу парам!
Салом, шери ватандӯсту меҳанпарварам!


Замоне, ки дар батнам будӣ, аз даргоҳи Яздони пок дуо металабидам, ки бароям шоҳписаре ато намояд, солиму бардам, инсондӯсту худогоҳ ва қалбаш саршор аз муҳаббат бошад. Азбаски ватани аввалини ту батни ман буд, ҳамон ҷо бо ту аз муҳаббат ба инсонҳову ватан сухан мегуфтам.

Ёд дорӣ, азизам, вақте хурд будӣ, аз ман суол мекардӣ, ки Ватан чисту дар куҷост? Бароят мегуфтам, ки ватан инҷост, ки зиндагӣ мекунему рӯйи хокаш по мегузорем, аз оби мусаффояш ташнагӣ мешиканем. Ватан ҷоест, ки ман туро ба дунё оварда, ба воя расондаам. Ватан аҳли оилаи мост, ҳаққу ҳамсояи мост. Ҳамон қадар мо тинҷу орому осуда бошем, ватан низ ором асту аз мо қаноатманд.

Ёд дорӣ, ҷони оча? Вақте дар оинаи нилгун сарбозонро медидӣ, беист мегиристӣ, то бароят ҳамон гуна либос бипӯшонам. Ман ҳам барои оромиши ту аз матои сабз либоси ҳарбӣ медӯхтам.

Азизи модар! Акнун ҳамон либосе, ки бениҳоят пӯшидан мехостӣ, дар тани туст. Он либос танҳо барои амалӣ гаштани орзуи кӯдакии ту нест, писарам. Он либос либоси Ватан аст ва аз ту шуҷоату далерӣ ва ҷавонмардӣ металабад.

Рӯзе, ки туро бо либоси ҳарбӣ қаноатманд ва дар нигоҳат эҳсоси ватандӯстиро дарёфтам, осуда шудаму ба худ гуфтам, ки ман каме ҳам бошад, дар қалби туи азиз муҳаббати Ватанро бедор кардаам.

Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст

Сарбози шуҷои модар! Ман ба ту ва муҳаббати ту нисбат ба ватан бовар дорам. Ту ҳамон гуна, ки нисбат ба ман эҳтиром мегузорию дӯстам медорӣ, Ватанро низ ҳамон гуна дӯст дор.

Азизи дилам! Барои ман мушкил аст ҳар шом гирди дастурхон ҳама ҷамъу ҷойи туро холӣ дидан. Луқмаи хӯрок дар гулӯям дар мемонаду то субҳ ҷойи хоби туро бӯй мекашам. Ҳамсолону дӯстонатро ҷое ҷамъ мебинаму дилам гум мезанад. Вале ман диламро бо ин андеша тасаллӣ мебахшам: «Фарзанди ман кори баде намекунад, ӯ дар хизмати Ватан аст, ӯ посбони шуҷои марзу буми хеш аст, ӯ қарзи фарзандиашро дар назди Ватан-модар иҷро мекунад. Пас, чаро ман нороҳату ранҷур бошам?! Ман бояд ифтихор кунам, ки модари як шоҳписари баномусу ор ҳастам.

Ҷони модар! Ту низ бо сарбаландӣ хизматро адо намо, то ин ки ман ҳам сарбаланд бошам.

Бидон, ки фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати ту барин низомиён вобаста мебошад.

Ҳамеша дар ёд дошта бош, ки хизмати ҳарбӣ, аз ту – сарбози Ватан, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ба зиммаи ту барин хизматчиёни ҳарбӣ гузошта шудааст. Ту вазифадорӣ, ки ин неъмати бебаҳо – сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунӣ. Бароят дар иҷрои ин рисолати муқаддас самимона дасти дуо мебардорам, писарам.

Нури чашмам! Имрӯз, ки ид дорӣ, ман низ ид дорам. Кош ҳамаи модарон, чун ман, шарафи модари Сарбози Ватан буданро дошта бошанд. Иди ману иди Ватану иди туст имрӯз, ҷони модар!

Идат муборак!!!

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
Нишони ҷавонмардӣ

Нишони ҷавонмардӣ

Ҷавонон ва варзиш
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА