Дар як сатр
» » Кишоварзон такмили ихтисос карданд

Кишоварзон такмили ихтисос карданд

21-02-2017, 09:49

Кишоварзон такмили ихтисос карданд

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастури раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ахиран дар шаҳри Сарбанд омӯзиши мутахассисони соҳаи комплекси агросаноатӣ - роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ бо иштироки олимону устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор гардид.

Олимону устодони Донишгоҳи аграрӣ оид ба технологияҳои муосири парвариши боғҳои замонавӣ, зироатҳои сабзавотӣ, ғалладонагиҳо, чорвои гӯштӣ ва ширдеҳ, усулҳои обёрӣ, пешгирии шӯршавии хок ва баландшавии обҳои зеризаминӣ, инчунин мубориза бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ маълумот доданд. Олимону мутахассисони пойтахт инчунин аз заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, гармхонаҳо ва фермаҳои ширию молии кишоварзони Сарбанд аз наздик дидан карда, баҳри рушди соҳа дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ҳосили картошка як баробар афзуд

Ҳосили картошка як баробар афзуд

Арсаи кишоварзӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА