Дар як сатр
» » Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

14-02-2017, 11:49

Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

- Музди миёнаи моҳонаи меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли гузашта 1001 сомонию 90 дирамро ташкил дод, - хабар дод Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа дар нишасти матбуотии худ. - Ин рақам нисбат ба соли 2015 ба маблағи 72,7 сомонӣ
зиёд мебошад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки музди миёнаи номиналии кор дар сатҳи вилояти Хатлон соли 2016 ба 698 сомонию 13 дирам баробар буд. Тавре ки дар ин ҳамоиши хабарӣ зикр гардид, қарзи музди меҳнат ба 1 декабри соли 2016 маблағи 182,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби қарзи корхонаи фаръии давлатии «Қӯрғонтеппагаз»-и вилоят мебошад.

Дар посух ба саволи хабарнигорон оид ба фарогирии шаҳрвандони корҷӯ бо ҷойи кор, раиси шаҳр гуфт, ки соли гузашта 2040 нафар шаҳрвандони бекор ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд. Аз ин ҳисоб 1620 нафарашон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 980 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. “Давоми соли гузашта дар маркази маъмурии вилоят 12 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар онҳо 209 ташкилоту муассисаҳо ба шахсони бекор 1678 ҷойи холии кориро пешниҳод карданд. Дар ин чорабиниҳо 117 нафар корҷӯён ба худ кори муносиб пайдо намуда, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1215 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст”, - зикр кард А. Асадулло.

Дар нишасти хабарӣ, ҳамчунин, оид ба ироаи кумакҳои хайриявӣ ва ғамхорӣ нисбати ниёзмандону бепарасторон сухан рафт. Дар ин иртибот гуфта шуд, ки дар Қӯрғонтеппа аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои расонидани кумаки иҷтимоӣ шуъбаи кумакрасонии иҷтимоӣ дар хона фаъолият менамояд. 44 нафар кормандони муассисаи мазкур ҳамарӯза ба 356 нафар шахсони барҷомонда, яккаву танҳо ва бепарастор кумаки иҷтимоӣ мерасонанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади ҳифзи саломатии эҳтиёҷмандони маъюб дар соли гузашта 48 нафар маъюбонро бо роҳхатҳои табобатӣ таъмин намуда, 8 нафар маъюбони эҳтиёҷманд дар муассисаҳои будубоши доимии ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 3320 аризаи воридгашта, ба 2850 нафари онҳо муяссар шуд, ки дар махзани ягонаи оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шаванд. Ҳамзамон, ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тавассути бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк-43» 750,5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

- Дар ин давра 5 ҳуҷраи нозирони минтақавии милитсия таъмир карда шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҳар моҳ ба андозаи 300-400 литр сӯзишворӣ барои нақлиёти хизматии онҳо маблағи зарурӣ ҷудо карда шуда истодааст, - таъкид шуд дар нишасти матбуотӣ. - Барои дастгирӣ ва кумаки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, таъмири бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр соли гузашта ҷамъан 215 ҳазор сомонӣ ироа карда шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Музди миёнаи кор дар вилояти Хатлон ба 698,13 сомонӣ расид

Музди миёнаи кор дар вилояти Хатлон ба 698,13 сомонӣ расид

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо