Дар як сатр
» » Шаҳркадаи Тахти сангин

Шаҳркадаи Тахти сангин

13-02-2017, 12:28

Шаҳркадаи Тахти сангин


Мавзеи Тахти сангин дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.

«Хазинаи Амударё» ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагист (1300 номгӯй), ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар Қубодиён (Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда, онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯйи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё»-ро фурӯхта даромад мекунанд. Ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли осорхонаи Лондон гардидаанд.

Номи «Хазинаи Амударё»-ро ба бозёфтҳои шаҳркадаи Тахти сангин муҳаққиқи англис О. Далтон гузоштааст. Ба пиндори ӯ, аксари ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагини (1300 номгӯй) коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ тааллуқ доранд.

Шаҳркадаи бостонии Тахти сангин, ки ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб аст, ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатло ...

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатло ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ном ва макон ҳаст, вале ёдгорӣ не (аксҳо)

Ном ва макон ҳаст, вале ёдгорӣ не (аксҳо)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бозёфтҳои нодир дар Данғара

Бозёфтҳои нодир дар Данғара

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Афзоиши истеҳсоли тило

Афзоиши истеҳсоли тило

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА