Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Пурсед, ҷавоб медиҳем


Пурсед, ҷавоб медиҳем



Рӯзномаи «Хатлон» аз номи сокини ноҳияи Муъминобод Фирдавс Ризоев чунин савол гирифт: «Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва даст задан ба амалҳои ғайриқонунӣ дар ин шабакаҳо чӣ пешомадҳо дошта метавонад?»

Таҳти рубрикаи “Пурсед, ҷавоб медиҳем” ҳар ҳафта маслиҳатҳои ҳуқуқӣ аз ҳуқуқшиносон пешкаш мегардад. Хонандагони рӯзномаи “Хатлон” метавонанд, ки суолҳои худро ба унвонии рӯзнома тариқи мессенҷерҳои WhatsApp, imo, Telegram, Instagram дар рақамҳои телефонии 881383300 ирсол намоянд. Ягон суол ва пешниҳоди хонандаи азиз аз мадди назар дур нахоҳад монд. Ҳар ҳафта ба суолҳои хонандагон машваратчии ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас мегардонад.

-Сараввал набояд фаромӯш кард, ки ҳар як амали истифода аз интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъулият дорад. Ҷазои ғайриқонунии истифода бурдан аз интернет бамаротиб вазнинтар аст. Масалан, агар шумо ягон маводе, ки ба мавзӯи экстремизм ё терроризм дахл дорад, «лайк» монед, онро метавонанд ҳамчун ҷонибдорӣ маънидод кунанд. Агар онро бознашр кунед, ҳамчун паҳнкунандаи мавод меҳисобанд. Агар дар ин «шарҳ» ягон нафарро таҳқир ва ё туҳмат кунед, дар ин ҳолат ҳам мутобиқи моддаи 307-и КҶ ҶТ барои паст задани шаъну шараф шуморо метавонанд ба додгоҳ кашанд.


Ҳамчунин, паҳн кардани аксҳои дигар шахсро қонунгузорӣ манъ кардааст. Бе иҷозати шахс паҳн кардани акс ва маълумот дар бораи ӯ мумкин нест. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки бе иҷозати шахс метавон акси ӯро паҳн кард. Яъне агар он ҷойи ҷамъиятӣ, чеҳраи шинохта ва ё бидуни қонуншиканӣ бошад, метавонед акс гиред. Дар дигар мавридҳо мо бояд талаботи қонунро риоя карда, хуқуқи дигаронро поймол накунем. Ҳангоми иртибот дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъулиятро фаромӯш накунед.

Ранжет Ятимов,
ҳуқуқшинос

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода