Дар як сатр
» » Муҷозот барои дипломи қалбакӣ

Муҷозот барои дипломи қалбакӣ

30-01-2017, 17:06

Муҷозот барои дипломи қалбакӣ


Масъулони Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Вахш барои додани дипломи қалбакӣ ба шаҳрванд аз ҷониби Раёсати агентии зиддикоррупсионии вилояти Хатлон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои Азизулло Қурбонзода, сардори шуъбаи тафтишотии ниҳоди мазкур, тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур ба анҷом расида, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

«Имсол ҳам парвандаи ҷиноятӣ нисбати афроде, ки даст ба ин навъи ҷиноят задаанд, кушода шудааст ва тафтишот идома дорад», - зикр кард манбаъ, аммо ба хотири халал наёфтани тафтишот, аз ироаи ҷузъиёти он худдорӣ кард.

Дар маҷмӯъ, соли 2016 аз ҷониби Раёсати агентии зиддикоррупсионии вилоят нисбат ба 38 корманди соҳаи маориф ва илм, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ содир кардаанд, парвандаҳо боз шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

5,8 миллион сомонӣ пули андозро рӯйпӯш кардаанд

5,8 миллион сомонӣ пули андозро рӯйпӯш кардаанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА