Дар як сатр
» » «Ҳосилот» ҳайаташро муайян кард

«Ҳосилот» ҳайаташро муайян кард

30-01-2017, 10:46

«Ҳосилот» ҳайаташро муайян кард

«Ҳосилот»-Фархор рӯйхати бозингарони худро барои иштирок дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё(КФО) (31 январ ва 7 феврал) бо дастаи «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон муайян кард.

20 нафар бозигарон, аз ҷумла 2 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳуҷумкунада ҳайати дастаи «Ҳосилот»-ро ташкил медиҳанд. Дар ин ҳайат 4 легионер – муҳофизатгар Мӯсо Содиқ (Гана), нимҳимоятгарон Сайриддин Ғаффоров (ӯзбекистон), Акуффо Гершон Квеси (Гана) ва ҳамлагар Агблей Джонс (Гана) шомил аст. Агар «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон - «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ҳосилот» ба Ҷоми КФО омодагӣ мебинад

«Ҳосилот» ба Ҷоми КФО омодагӣ мебинад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Нокомии «Вахш» дар бозӣ бо «Хуҷанд»

Нокомии «Вахш» дар бозӣ бо «Хуҷанд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
24 бозигар дар ҳайати тими футболи «Равшан»

24 бозигар дар ҳайати тими футболи «Равшан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
4 дастаи хатлонӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015

4 дастаи хатлонӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии "Равшан" таъин шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА