Дар як сатр
» » 61 эътирози мардум ба қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

61 эътирози мардум ба қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

11-01-2017, 14:20


61 эътирози мардум ба  қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон соли равон 5 ҳазору 894 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 192 ҷиноят зиёд мебошад.

Таҳлили категорияи ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки қалобӣ 753, тамаҷӯйӣ 12, дуздӣ 1681, сохтакории ҳуҷҷатҳо 131, расонидани зарари миёна ба саломатии инсон 134 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ошкоршавии ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят 88, 8%- ро ташкил медиҳад.

Бо иштироки ноболиғон дар ҳудуди вилоят 241 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки он тамоюли болоравӣ дошта, назар ба соли гузашта 78 ҷиноят зиёд мебошад. Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Дӯстӣ, Вахш, Темурмалик ва Фархор аз 9 то 60%-и ҷой дорад.

61 эътирози мардум ба  қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ- Иҷрои талаботи Қонуни кониститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳалаллии ҳокимияти давлатӣ» таҳти назорати доимии прокуророн қарор дошта, дар соли ҷорӣ ба 132 қарорҳои раисони шаҳру ноияҳо эътироз оварда шудааст, - зикр намуд Р. Юлдошев, муовини прокурори вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуоти. – Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки 61 эътироз вобаста ба қонунгузории замин буда, нисбати қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доштааст. Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида вобаста ба истифодаи оқилонаи замин ба унвони шахсони бансабдор 132 пешниҳод ирсол гардида, илова бар ин, 871 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии маъмурӣ, 110 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 202 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 267 парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст.

Дар идомаи суҳбат номбурда иброз намуд, ки 173 ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 адад зиёд аст.

Дар ин нишаст иттилоъ дода шуд, ки назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» диққати махсус дода, 332 ҷинояти хусусияти террористию экстремистӣ дошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура 232 парвандаи ҷинояти характери коррупсионӣ дошта оғоз ва ба тафтиш бурда шудааст.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Прокуратура: Ҷинояткории ноболиғон афзудааст

Прокуратура: Ҷинояткории ноболиғон афзудааст

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА