Дар як сатр
» » Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

15-01-2017, 14:13

Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!


Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлорн ситоди зимистонгузаронӣ доир гардид. Дар он масъулоне, ки ба масъалаи омодагӣ ба ҳолати зимистонгузаронӣ хунукназарӣ намуда, маълумоти бардурӯғ додаанд ва барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин фурсат муваззаф гаштаанд.

Дар ин бора муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода, роҳбари Ситод оид ба зимистонгузаронӣ дар вилояти Хатлон, зимни суҳбат ба муовинони вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика, ва захираи об, мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, КВД «Хоҷагии манзилию камуналӣ», ширкати «Барқи тоҷик», инчунин муовинони раисони шаҳру навоҳӣ ва ташкилотҳои вилоятӣ баён намуд.

У. Зоҳирзода таъкид намуд, ки маълумотҳое, ки аз шаҳру навоҳии вилоят мегирем, бо идораи вилоятӣ муқоиса мекунем маълум мегардад, ки маълумотҳо фарқ доранд. Махсусан он маълумотномае, ки аз Раёсати маориф ва Раёсати тандурустии вилоят пешниҳод мешаванд, рақамҳои иҷроиш 100% нишон дода шуда бошад ҳам, ки ин рақамҳо нодуруст буда, ҷиҳати кори ситодро халалдор мекунад.

«Ҳангоми санҷиши гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Хуросон таъмини сузишворӣ дар соҳаи маориф 76%, тандурустӣ 84%-ро ташкил медиҳад. Ҳатто муайян карда шуд, ки дар мактаби таҳсилоти умумии №8-и ноҳияи Хуросон, ки ду баст таҳсил мекунанд, 6 синфхона умуман печка надоранд», - афзуд У. Зоҳирзода.

Тибқи маълумоти Раёсати тандурустии вилоят соли ҷорӣ захираи ангишт 114 фоиз, ҳезум 101 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 74 фоиз, шишабандӣ 100 фоиз таъмин гардидааст. Вале ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки дар соҳаи тандурустӣ шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Ҷайҳун, Н.Хусрав, Панҷ, Хуросон, Шаҳритус ва Данғара аз 30 то 89 фоиз иҷро гардидааст.

Аз тарафи масъулини соҳаҳои дахлдор таъкид гардид, ки сабаби таъмин нагардидани нақшаи маориф ва тандурустӣ ин маблағгузорӣ нашудан аз тарафи Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳӣ мебошад. Дар вақте ки маблағ ҷудо нагардид соҳа наметавонад захираи ангишт ва ҳезумро таъмин кунад.

- Барои соҳаи маориф соли ҷорӣ 7,3 миллион сомонӣ ва тандурустӣ 799 ҳазор сомонӣ маблағ дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардида, то имрӯз аз рӯи маълумотҳои Сарраёсати молияи вилоят мутаносибан 5,7 миллион сомонӣ ва 566,9 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст, 79%-и соҳаи маориф ва 71% ба соҳаи тандурустӣ рост меояд, ки ин басанда нест, - зикр намуд Д. Мирзоев, муовини роҳбари ситод оид ба зимистонгузаронӣ. – Тибқи маълумоти Раёсати маорифи ва илми вилоят захираи ангишт 102 фоиз, захираи ҳезум 99,7 фоиз, шишабандӣ 100 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 69,2 фоиз таъмин гардида, нақшаи ангишт дар ноҳияҳои Хуросон 84 фоиз, Фархор 82 фоиз, ҳезум дар ноҳияи Хуросон 70 фоиз нишон дода шудааст.

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр намуд, ки дар МТМУ №1, №11- и ноҳияи Восеъ барои зимистонгузаронӣ ба пуррагӣ шишабандӣ карда нашудааст. Ё худ, дар муассисаи тандурустии ноҳия захираи ангишт барои як рӯз 3,9 кг рост меояд, дар ҳолате ки барои як рӯзи муассисаҳои тандурустӣ 6 кг бояд сарф шавад. Яъне, аз ин бармеояд, ки дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Восеъ 4,1 кг захираи ангишт кам таъмин карда шудааст.

Таъмир ва иваз намудани ноқилҳо 75,2 фоиз, иваз намудани трансформаторҳои 52,3 фоиз, иваз намудани ноқҳои шикаста 53 фоиз, ивазкунии симчӯбҳо 61 фоиз, иваз намудани ҷудокунакҳои барқӣ 75 фоиз ва илова намудани равғани трансформаторҳо 71,8 фоиз таъмин карда шудааст.

Гарчанде ҳолати истифода ва ҷамъоварии нерӯи барқ мунтазам дар ҷаласаҳои назди раиси вилоят мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дошта бошанд ҳам, вале ҳолати коргузорӣ дар соҳа ба пуррагӣ таъмин нагардидааст.Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи паст қарор дорад. Дар ҳудуди вилоят 380 миллион сомонӣ маблағи барқ пардохт нашудааст.

Ҳангоми санҷиш ошкор гардид, ки баъзе нозирон маблағҳои ҷамъовардаро аз худ кардаанд. Нозирон Ӯзбеков 4 ҳазору 323 сомонӣ ва Назиров М. аз шабакаи барқи Кӯлоб 7 ҳазору 665 сомонӣ маблағи ҷамоваришудаи ҳаққи истифодаи барқро ба манфиати шахсии худ истифода бурдаанд. Ин амал на танҳо дар соҳаи барқ, балки дар соҳаи тандурустӣ низ ба мушоҳида мерасад. Мудири анбори нақлиёти махсуси соҳаи тандурустии вилоят ба суратҳисоби яке аз соҳибкорони инфиродӣ зиёда аз 42 ҳазор сомонӣ маблағи буюҷетиро равона карда бошад ҳам, вале дар ҳамкорӣ бо соҳибкор 21 ҳазори онро ба манфиати шахсии худ истифода бурдааст, ошкор гардид.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо

Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат
Захираи мактабу муассисаҳои тиббӣ барои зимистон

Захираи мактабу муассисаҳои тиббӣ барои зимистон

Хабарҳо