Дар як сатр
» » Як рӯзи «талбандагӣ»-и се дониҷӯ

Як рӯзи «талбандагӣ»-и се дониҷӯ

21-01-2017, 10:53


Як рӯзи «талбандагӣ»-и се дониҷӯ

Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Қӯрғонтеппа шумораи афроди дар даст ҳар гуна навиштаҷоту овезадоштаро, ки худро дар чашми мардум шахси фақиру нотавон ва оҷиз вонамуд мекунанд, вомехӯрем. Онҳо барои дарёфти маблағи муфт ба талбандагӣ машғуланд. Қисмати зиёди ин гуна ашхосро лӯлитаборон ташкил мекунанд. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки мардум талбандаи воқеиро аз ашхоси танҳо барои ҷамъоварии мол даст ба гадоӣ мезананд, фарқе гузошта наметавонанд. Оё ин қабил мардум аз ҳақирию нотавонӣ ба ин кор машғуланд ё он барояшон «касб» шудааст?

Се донишҷӯ - коромӯзи рӯзномаи «Хатлон» барои кушодани гиреҳи «шуғл» дар нақши лӯлӣ «талбандагӣ» карда, тадқиқоти журналистӣ гузарониданд.

№1- «Садақа кунетон, балам, Худо як сӯматона 10 сӯм карда метия…»

Мо-се тан аз донишҷӯён - коромӯзони рӯзнома барои худ нахуст рӯзи муносибро интихоб кардем, яъне рӯзи ҷумъаро. Зеро дар ин рӯз мардуми зиёд барои адои намози ҷумъа меоянд. Баъдан назди яке аз масҷидҳои шаҳри Қӯрғонтеппа масҷиди шаҳр раҳсипор гашта, якумӣ бе навиштаҷот нақши лӯлизан, дуюмӣ бо навиштаҷоти «дунё чӣ қадар зебост, аммо афсӯс, ки чашмони ман қудрати биниши ин зебоиро надорад» дар нақши шахси нобино ва сеюмӣ духтари зебои талбандаро иҷро намудем, то бубинем мардум ба кӣ ва ё чӣ бештар аҳмият дода, хайр мекунанд?!

Чун нақши ман, ки лӯлизани талбандаро мемонд, либоси куҳна ба бар карда, худро ба сурати ҷӯгӣ табдил додам. Ва дар паҳлӯи ҷӯгие, ки бо духтараки тақрибан сесолааш дар назди дарвозаи масҷид маскан гирифта талбандагӣ мекард, нишастам. Лӯлизан баробари дидани ман қиёфаи худро турш карда, ғазаболуд ба сӯям чашм дӯхт. Аз нигоҳи бадхашмонаи лӯлизан фикр кардам, ки ҳоло ё чанде пас омада бӯғӣ карда мекушадам. Аммо канортар аз ӯ лӯлизани дигаре бо либосҳои фарсуда бо ду кӯдакаш: яке сар ба зонуи модар мехобиду дуюмӣ дуртар аз ӯ талбандагӣ менамуд, маро дида қаҳролуд аз лӯлии дар паҳлӯяшбуда суол кард: «Дугона, инаш кию аз куҷомӣ?» Лӯлизани наздамбуда бо заҳрханда посух дод: «Ман аз куҷо донам, дугона, як гап мезанӣ, ки гӯё ина ман оварда бошама?!»

Пас аз ин баҳс ӯ духтари хурдсолашро дар замин гузошта, бо қаҳр «назди духтарамба нашин», - гуён худ ба тарафи дигари масҷид, ки серодам буд, рафт. Дере нагузашта кӯдак духтарчаи ҳамроҳашбуда, наздам омада пурсид: «Холаҷон, шумо аз куҷомӣ?» посух додам: «Аз ҳаминҷойҳо». Кӯдак ба ҷояш баргашта нишаст.

Ақрабаки соат наздик ба 12 буд. Аз ҳар тарафи кӯчаю тангкӯчаҳо одамон барои адои намоз ба сӯйи масҷид меомаданд. Лӯлизан бо як бечорагӣ даст сӯйи онҳо бурда мегӯяд: «Садақа кунетон балам, Худо як сӯматона 10 сӯм карда метия, коратонба барор метия, рисқатона фаровон мекуна…» Аммо қисме аз роҳгузарҳо қариб, ки ба талбандаҳо аҳамият намедоданду қисми ками дигар ба рӯймоли назди мо густурда як сомонӣ ва ё чанд дирам партофта мегузаштанд.

№2 - «Лӯлиҳобаям қалбашон ҳаст, ако!»

Барои нафаре, ки чашми бино дораду равуои мардум ва зебоии атрофро мебинад, нақши шахси нобиноро бозидан душвор аст. Аммо банда вақто, ки дар сар тоқию дар чашмон айнак гузошта наздам навиштаҷотеро бо чунин мазмун «дунё чӣ қадар зебост, аммо афсӯс, ки чашмони ман қудрати биниши ин зебоиро надорад» мондам, кӯшиш кардам то ҳақирона ба талбандагӣ машғул шавам. Ростӣ, бо вуҷуди он, ки ман лавҳае наздам доштаму хомӯш менишастам, роҳгузарон аз паҳлӯям гузашта ба он навиштаҷот эътиборе намедоданд. Мешунидам садоҳои роҳгузаронеро, ки мегуфтанд: «Пота мемонӣ, дар болои талбанда мезанад, дигар намедонӣ ба кадоме аз онҳо хайр кунӣ». Танҳо он лӯлиписароне, ки мисли ман дар даст ҳар гуна навиштаҷот доштанду пеши роҳи роҳгузаронро гирифта, садақа металбиданд, нигоҳашон ба ман афтода наздам омаданд навиштаҷоти назди ман бударо ҳарфакӣ карда хонданд. Яке ба дигар гуфт: «Бечора кӯр будаст, биё садақа кунем савоб мешад». Онҳо 1 сомонӣ пешам гузоштанд. Ин ҳолро дида кунҷкобона пурсидам: «Аз садоятон маълум, ки шумо лӯлитаборед, пас чаро ба ман хайр кардед?». Дар ҷавоб гуфтанд: «Лӯлиҳобаям қалбашон ҳаст, авлод!» Аз посухи онҳо фаҳмидам, ки лӯлитаборон низ бо вуҷуди талбандагӣ ҳамчунин ба бенавоён дасти кӯмак дароз мекардаанд.

№3 - «Ин зебосанамда 1 сомонӣ он тараф истад, 10 сомонӣ диҳӣ ҳам, кам аст»

Ҷойе, ки интихоб карда нишастам, наздик ба намозгузорон буд. Аз ин рӯ, шояд бароям бештар хайр мекарданд. Аммо таваҷҷуҳи як ҷавон маро дар ҳайрат гузошт. Худ ба худ фикр мекардам, ки ин ҷавон чӣ мехоста бошад? Ғарқи ин фикрҳо будам, ки ногоҳ ӯ бо яке аз ҳамроҳонаш ба ман наздик шуда гуфт: «Ба ин зебосанам чӣ шуда бошад, ки талбандагӣ дорад?» инро гуфту ба ман 1 сомонӣ дод. Худо аҷратро диҳад, гуфтам ман. Ҳамин лаҳза рафиқаш «Ту девона шудаӣ пул медиҳӣ, инҳо ҳама шайтонанд, аз ману ту пули бештар доранд», - гуфт. Ҷавони аввала ӯро ором карда гуфт: «Ин зебосанамда 1 сомонӣ он тараф истад 10 сомонӣ диҳӣ ҳам кам аст».

Чунин муомилаи атрофиён далолат аз он медиҳад, ки ашхоси хайрхоҳ низ дар бештари маврид ба ҷинси латиф хайр карданро авлотар медонанд, то ба ин васила дар чашми дигарон худро хайрхоҳ нишон диҳанд.

…Пас аз анҷоми эксперимент ба хулосае омадем, ки мардуми хайрхоҳ новобаста аз навиштаҷотҳо садақа мекунанд. Зеро зимни тадқиқи ин мавзӯъ мушоҳида гашт, ки ашхоси саховатпеша вақти худро сарф карда навиштаҷоти лавҳаро мутолиа намекунанд, балки ба ҳолати зоҳирии талбандаҳо диққат медиҳанду халос. Ва мардум сабаби шуғли худ интихоб кардани «касб»-и талбандагиро хуб медонанд. Мо пас аз анҷоми тадқиқоти журналистӣ маблағҳои аз талбандагӣ ба даст овардаи худро ба сандуқи хайрияи масҷид гузоштем.

Аз рӯзнома: Хонандагони гиромӣ! Шумо низ ҳар рӯз ба талбандаҳои сари кӯча рӯ ба рӯ меоед. Оид ба «касб»-и онҳо чӣ андеша доред? Фикрҳои хешро навишта, ба мо фиристед, ин аҷиб аст.

Шаҳноза АСОЕВА,
Аловиддин РИОЕВ,
Рухшона БАРФАКОВА,
таҷрибаомӯзони рӯзномаи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
ташакури зиёд бар шумо ки ҷасурона ин эксперементро гузарондед. Ман хелоха зиёд вакт дар кофту коби анаҳаминхел навиштаҷотҳо будам. Ман худ дар хориҷа таҳсил дорам ва хелоҳам мехостам бидонам мардум дар чи аҳволанд оё ҳолоҳам меҳр дили ҷасур ки ба дигарон дилашон месузад то ҳол бошанд. Аз эксперементи шумо дидам ки қалби баъзе ҷавонон бар одамони фақир месузад. Ба ман ҳаминаш даркор фаркаш дар зиёдиву молу сарват надоштани онҳо нест балки ҳамон як қалби пок лозим аст ки сулҳу пешравии ватан аз у сабаб мешавад. Фикр мекунам ки баъзе талбандаго ба монанди Лӯлизанон дар ҳади ақал ба чорводори кор дода шаванд то ин ки дарки меҳнати ҳалолро кунанд.
22 январ 2017 09:02

Матолиби дигар:

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Ҷавонон ва варзиш
«Давлати пирӣ»?

«Давлати пирӣ»?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Дискоклуб муассисаи фароғатист, ё…

Дискоклуб муассисаи фароғатист, ё…

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, Таҳқиқи журналистӣ
Биё, балам, фолат кушоям…

Биё, балам, фолат кушоям…

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҷӯгӣ магар шаҳрванди Тоҷикистон нест?

Ҷӯгӣ магар шаҳрванди Тоҷикистон нест?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР