Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Варзишгарон қосиди сулҳ ва парчамбардорони миллатанд


Варзишгарон қосиди сулҳ ва парчамбардорони миллатанд



Паёми  табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон, 10 августи соли 2021


Эълон гардидани 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати онҳо мебошад.

Ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно дорам.

Соли равон таҷлили Рӯзи варзишгарон ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омадааст, ки ин боиси ифтихору фараҳмандии тамоми варзишгарон аст.

Тавре Сарвари давлат  қайд менамоянд: “Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад”. Бо ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар соҳаҳо, варзиш ҳамчун муаррифгари миллат рушду нумӯъ карда, вобаста ба рушди он тадбирҳои муассир дар кишвар  амалӣ гардида истодааст. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳавасмандии варзишгарон гувоҳи гуфтаҳои боло буда, таваҷҷуҳи хосу ғамхории беназири Пешвои муаззами миллатро нисбати парчамбардорони кишвар нишон медиҳад.

Мо эҳсос менамоем, ки варзиш барои инсоният ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад.

Ҳамчунин, яке аз омилҳои манфиатовари варзиш пешгирии зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои ғайриқонунӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро миёни наврасону ҷавонон буда, онҳоро аз ин хатарҳо наҷот мебахшад. 
Зимни Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат чунин иброз доштанд: «Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем». 

Пешвои миллат, ҳамчунин дастур доданд, ки дар зарфи 10 соли минбаъда дар тамоми деҳаҳое, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ доранд, толорҳои варзишӣ бунёд карда шаванд, то ҳамаи шаҳрвандон имкони дар сатҳи маҳал машғул шудан ба тарбияи ҷисмониро дошта бошанд. Ин иқдом барои рушди варзиш заминаи муносиб хоҳад гузошт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаро мавриди ҳадаф қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо пайваста чораҳои лозима меандешад.

Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони эҳсонкор бунёди 546 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 августи соли 2021-ум 113 толори варзишӣ, 320 майдончаи варзишӣ, 51 майдони бозии кӯдакон бо тамоми шароити муносиб мавриди истифода қарор дода шуданд.

Айни ҳол дар 62 иншооти дигари соҳа корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, то ҷашни умумимиллии Истиқлоли меҳан пурра мавриди баҳрабардории умум қарор дода мешаванд.

Варзишгарони вилоят дар 7 моҳи аввали соли 2021, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, аз ҷумла дар 5 мусобиқаи байналмилалӣ ва 64 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 364 медали тилло, 321 медали нуқра, 383 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1068 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 328 медал зиёд мебошад.

Имрӯз бо ифтихор метавон номи роҳбарон ва варзишгарони варзидаи хатлонӣ Рустам Давлатшоев, Толиб Давлатов, Баҳром Рустамов, Сомон Сангов, Набимуҳаммад Хоркашов, Абубакр Муродов, Раҷабалӣ Аминов, Фирдавс Муродов, Сорбон Латипов, Фирдавс Насимов, Сулаймони Ҷамшед ва дигаронро ба забон овард, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шогирдонро омода ва шарафи варзиши вилоят ва ҷумҳуриро бо барафрохтани Парчам ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамоянд.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ, хуруҷёбии бемории сироятии коронавирус, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии вилоят ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар ба намудҳои гуногуни варзиш  ҷалб намоем.

Зеро миллати мо ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошта, ин анъана дар кишвар рушд дорад.

Боварӣ дорам, ки варзишгарони вилоят бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои маҳбубу муаззами миллат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. 

Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар як варзишгари вилоят барору комёбӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, амнияти комил ва ба мардуми сарзамини биҳиштосо саломатии бардавомро орзу дорам.
 
Ҳамеша сиҳату саломат бошед!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода