Рӯзгори муҳоҷир: кӣ ва чаро онро мушкил мекунад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 феврал, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия аз 5-уми феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда дар қаламрави кишвари иқомат ба фаъолият оғоз намуд.
Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҷойгир буда, ҳар шаҳрванд вобаста ба муйаян намудани вазъи ҳуқуқии худ метавонад, ваъзияти буду боши худро дар қаламрави Федератсияи Русия муайян намояд.
Мавриди зикр аст, ки ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар кишвари иқомат фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави кишвари иқомат содир намудаанд.
Аз 5-уми феврал то инҷониб зиёда аз 688 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Феҳристи шахсони назоратшаванда вазъи худро санҷиш намудаанд. Айни замон, тибқи иттилои мақомоти марбутаи кишвари иқомат аз ин шумора 592 ҳазору 663 нафар дар кишвари иқомат қонунӣ фаъолият дошта, 95 ҳазору 608 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ғайриқонунӣ фаъолият доранд.
АҲВОЛИ МУҲОҶИР
“Бо вуҷуди он ки тамоми ҳуҷҷатҳоям дуруст буд ва бори аввал ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтам, баъди фаромадан дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав моро нигоҳ доштанд ва бо гузашти ҳашт соати бозпурсӣ ва тафтиши телефонҳои мобилиямон бе ягон асос маро аз ин кишвар ихроҷ намуданд”, - нақл мекунад Лутфуллои ҷавон, ки барои таъмини зиндагӣ ва ба даст овардани маблағи тӯйи хонадоршавӣ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифта буд. Аммо бахт ба рӯи ӯ нахандид ва ӯро боз ба Тоҷикистон фиристоданд. “Барои харидани либос ва чиптаи парвоз маблағро аз як шиносам қарз гирифтам ва ваъда додам, ки аз аввалин маош маблағро ба ӯ бармегардонам.
Вале ҳеҷ гумон надоштам, ки кор то ба ин ҷо мерасад. Чӣ илоҷ, қарз қарз аст, бояд коре карда онро баргардонам. Вале чӣ гуна, намедонам?” - бо таассуф қисса намуд Лутфулло.
Русия кишвари паҳноварест, ки дорои шароит ва имкониятҳои бештар барои кору тиҷорат мебошад. Бинобар ин мизбони ҳазорон муҳоҷир аз кишварҳои пасошуравист. Аз он ҷумла аз Тоҷикистон ҳам теъдоде аз шаҳрвандон ба ин кишвар барои дарёфти ризқу рузӣ ба кор мераванд.
Дар пасманзари ҳодисаҳои маълуми солҳои охир вазъи будубош дар ин кишвар барои муҳоҷирони корӣ боз ҳам бадтар гардида, фишору тафтишҳои бардавом ва ихроҷи бебозгашти онҳо шадидтар шуд.
Кӯчактарин омилҳое, ки ба гуфти муҳоҷирон ҳатто қобили бозпурсӣ нестанд, метавонанд сабаби ихроҷ ва ё ҷаримаи муҳоҷирон гарданд. Ба гуфтаи баъзе аз муҳоҷирон, ҳатто надоштани акс ва ному насаби истифодабаранда тибқи шиноснома дар мессенҷер-паёмрасонҳо, аз қабили ватсап ва телеграм метавонад ҳангоми вуруд ба Русия ва дар айни тафтишу бозпурсиҳои давомдор дар фурудгоҳҳо мушкилӣ эҷод кунад ва ё боиси ихроҷи онҳо гардад.
-Ҳамроҳи бародарам озими Русия шудам, ҳангоми берун шудан аз ҳавопаймо моро барои тафтишу бозпурсӣ бурданд, - нақл мекунад як муҳоҷири тоҷик бо номи шартии Азим. – Сипас, барои тафтишу бозпурсӣ аз мо шиноснома ва телефон талаб намуданд. Тафтишу бозпурсии мо қариб ҳашт соат давом кард. Бародарамро иҷозаи ворид ба хоки Русия доданд, вале маро не.
Гарчанде ки бародарам иҷозаи вуруд дошт, наметавонистам, ӯро он ҷо танҳо гузошта баргардам, зеро барои ӯ муҳоҷират бори аввал буд. Мо маҷбур шудем, ки якҷоя боз ба Ватан баргардем.
Тибқи нақли Азим, бо вуҷуди он ки ӯ солҳои зиёд дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, ягон ҷиноят ё ҷарима надошт, вале надоштани акси худ дар аватари ватсап ва пок шудани паёмрасони телеграмаш ӯро ихроҷи панҷсола намуданд.
ВАЗЪИЯТ ХУБ ТАР НЕ, БОЗ БАД ТАР ШУД ...
Омили дигаре, ки мушкилиҳои зиёдеро барои муҳоҷирон сарборӣ намудааст, ба гуфтаи онҳо, ин миллатгароии баъзе русҳо мебошад.
Ташкил ва иҷозати фаъолияти ташкилоти “Русская община” дарди саре болои муҳоҷирон эҷод шуд, ки бе далел даст ба иттиҳомоту бадном кардани онон мезаданд. Ба гуфтаи баъзе аз соҳибкорони тоҷик, ки дар Русия қонунӣ тиҷорат менамоянд, онҳоро низ баъзан вақт барои тафтишу бозпурсӣ ба шуъбаҳои полис мебаранд. Тибқи иттилои ин соҳибкорон ва муҳоҷироне, ки зуд-зуд аз ҷониби мақомоти қудратӣ барои бозпурсӣ бурда мешуданд, омили ин бозпурсиҳо шикояти ҳамин ташкилоти зикршуда буда, ки аъзои он асосан нафарони миллатгаро ҳастанд.
Муносибати бераҳмона, рейдҳои пай дар пайи неруҳои қудратӣ зидди муҳоҷирон ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ боиси он гардид, ки Русия борҳо аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди танқид қарор гирад.
Думаи давлатии Русия барои муҳоҷирон баъди ҳодисаи Крокус ситӣ қонунҳои сахттаре барои фаъолият ва зиндагии онон дар амал ҷорӣ намуда, иҷро ва назорати сахтро дар татбиқи қонунҳои мазкур амр намуд.
-Аксари ин қонунҳо ба назар хеле хандаовар менамоянд, вале чӣ илоҷ маҷбурем, ки кор кунем. Агар садо баланд кунӣ, ба ягон шуъбаи полис бурда, ҷарима ё депорт мекунанд, – нақл мекунад як муҳоҷир, ки ба ҳайси борбар (курьер) дар ширкати “Ядекс еда” фаъолият менамояд.
Тибқи гуфтаҳои ӯ, на кормандони полис бо онҳо муносибати хуб доранд ва на шаҳрвандони одӣ.
Курйерҳоро дар роҳу кӯчаҳо, дохили метро ва дигар маконҳое, ки аксаран муҳоҷирон кор мекунанд, зуд – зуд боздошту бозпурсӣ мекунанд.
Танҳо бо тафтиши ҳуҷҷатҳо қаноат намекунанд, ҳамин ки ба чашмашон “писанд наафтодӣ”, ба ягон шуъбаи полис мебаранд. Ҳатто шикоятҳо ҳам зиёданд, дар мавриди он, ки бо вуҷуди дурустии ҳуҷҷатҳо, онҳоро беасос ҷарима мекунанд.
Нигаронии вазир аз вазъи муҳоҷирон
Дар нишасти хабарии муштарак вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин аз вазъияти бади муҳоҷирон ёдоварӣ намуда, баёнияҳои муҳоҷирситезонаи теъдоди зиёде аз вакилон ва сиёсатмадорони русро боиси изтироб ва нигаронии ҷомеаи тоҷик арзёбӣ намуд.
“Мутаассифона, афроди алоҳида, аз ҷумла сиёсатмадорони алоҳида, қонунгузорон, арбобони ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма таблиғоти зиддимуҳоҷиратро ба вуҷуд меоранд”, гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Дар баробари ин ӯ таъкид намуд: “Тоҷикистон тадбирҳое, ки дар Русия барои ба низом даровардани муҳоҷират андешида мешаванд, зери суол намебарад. Аммо онҳо набояд дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ асабониятро ба вуҷуд оранд”- иттилоъ медиҳад “Sputnik Тоҷикистон”.
Боиси таассуф аст, ки теъдоде аз сиёсатмадорони Русия муҳоҷиронро сабабгори ҳодисаҳои охир медонанд, ки дар тарғиб ва паҳн намудани ин ақидаҳо нақши матбуоти он кишвар хеле зиёд аст.
Баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус ситӣ 22-юми марти соли гузашта, нашрияҳои “РИА Новости”, “Новости Москва” ва якчанд ВАО-и дигар аввалин шуда бо нашри маводҳои таҳқиромез даст ба иттиҳом зада, якчанд нафар зодагони Тоҷикистонро омили ин ҳамла донистанд ва ҳатто аксҳои ононро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.
Хушбахтона, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон муайян карда шуд, ки шаҳрвандони номбурда дар худи Тоҷикистон ва як нафари дигар берун аз шаҳри Москва, дар вилояти Самара қарор доранд. Бояд инро ҳам қайд намуд, ки баъди вокуниши мақомоти Тоҷикистон тамоми нашрияҳои дар боло зикршуда ҳама маълумот дар бораи ин се шаҳрванди Тоҷикистонро аз сомонаҳои худ пок намудаанд. Новобаста аз ин, баъди ҳамла ба Крокус ситӣ вазъият барои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик беҳтар нашуда, рейдҳои пай дар пай ва боздошту бозпурсии онҳо аз ҷониби неруҳои қудратии Русия сурат гирифт, ки дар натиҷаи ин амалиётҳо бештар аз 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ гардиданд. Рейдҳои бардавом, тафтишу бозпурсиҳо ва фишору азияти баъзе шаҳрвандони миллатгаро оё метавонад, ки садди роҳи муҳоҷират ба Русия гардад?
Муҳоҷирон бояд донанд Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки агар ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат фаъолият доред ё имкони тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмиро надоштед ва дар ин самт ҳамеша мушкилӣ пеш меомад, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки дар қаламрави Федератсияи Русия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошатонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоед.
Вобаста ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шуъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, филиалҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Русия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...