Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ҳар сол дар арафаи рӯзҳои иди Саиди фитру иди Қурбон мардуми тоҷик ба сари манзили гузаштагон рафта, аз Каломи шариф оятеро қироат намуда, дар ҳаққи онҳо мебахшанд ва бо некӣ ёд мекунанд. Боре дар манзили хомӯшон нигоҳам ба пирамарде афтод, ки ӯро ҷавони тануманд аз китфонаш дошта назди қабре оварда шинонд.
Пирамард баробари нишастан ба оҳу фиғон даромада, болои қабрро бо дастонаш мезад ва хоки ба дастонаш омадаро ба сару рӯяш мепошиду мегуфт:-“Модар, маро бубахшо Модар маро бубахшо! Ман дар назди ту гуноҳи азиму нобахшиданӣ кардаам”.
Ҷавон ҳарчанд мехост, ки ӯро аз ин кораш боздорад, аммо ӯ бо зӯри дас-тонаш амалашро давом медод. Мардум ду-ду, се-се аз назди ӯ гузашта, машғули дуокунӣ буданду касе ба доду фиғони мӯйсафед эътибор намедод. Хеле ба ӯ диққат додам. Эҳсос намудам, ки ӯ дар қалбаш дарду аламе дорад. Оҳиста-оҳиста наздаш рафта, дастонашро дошта гуфтам: “Аз ин нолаву фарёд ягон манфиате ба ту намерасад. Модар бахшанда асту туро мебахшад. Беҳтараш бо суханони нарму ширин аз модар узрхоҳӣ намо. Ҳамаамон назди модар сархаму гунаҳкорем. Ҳеҷ кас хизмати модарро ба ҷо оварда натавонистааст ва наметавонад. Ҳамин аст, ки бузургони сухан гуфтаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Кас натавонад бар дуҷаҳон баркашид.
Бо шунидани ин суханон ӯ ором шуд. Кунҷковиам боло гирифту аз ӯ назди модар чӣ гуноҳ доштанашро пурсидам. Ӯ аввал ба ман нигоҳи тааҷҷубоваре намуда, баъд лаб ба сухан кушод:-Падару модарам аввал фарзанддор нашуданд. Бо амри тақдир, пас аз ҳафт сол ман ба дунё омадам. Бо шодию хурсандию орзуву ҳаваси бисёр ба ман Умед ном гузоштанд, бо мақсади он ки дар оянда ҳамаи орзую ҳавасу умедашонро амалӣ созам. Маро бо ғамхорию меҳрубониву хушгуфториву хушрафторӣ калон карданд. Баъзан рӯзҳо падарам то шом вақти худро бо ман мегузаронд.
Мехост, ки ҳамеша бо ман ва дар канораш бошам. Бо амри тақдир бо сабаби беморӣ дар синни ҳаштсолагиам падар аз дунё гузашт. Баъд аз сари ӯ ягона нигаҳбону пушту паноҳам модар буд. То аз мактаб ба хона омаданам сари роҳ интизорӣ мекашид. Мактабро хонда, тамом кардам. Ҳаваси механизатор шуданро доштам. Чунки дар бачагиам ҳамроҳи ҷӯраҳоям ба алафчинӣ рафта, механизаторонро медидам, ки чӣ гуна кори байни қаторҳои пахтаро ба анҷом мерасонанд.
Аз ҳамон вақт ин орзу дар қалбам маскан карда буд. Ҳуҷҷатҳоямро ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №19-и собиқ ноҳияи Колхозо-бод (ҳозира ба номи Ҷалолиддини Балхӣ) супоридам. Онро хатм карда, соҳиби ҳуҷҷати механизаторӣ шудам. Ба парки трактории хоҷагиамон ба кор даромадам. Бо як трактори сечарха ба сари замин порую дору ва дигар корҳои майда-чуйдаи хоҷагиро ба иҷро мерасонидам.
Аксарияти ҷӯраҳоям баъди адои хизмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд. Онҳо аз муҳоҷират баргашта, таърифу тавсифи шаҳрҳои калонро менамуданд. Аз нақли онҳо ҳавасам омаду бо ҷӯраҳоям ҳамроҳ шуда, ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафтам. Дар бораи ин шаҳри бузург дар китобҳои дарсӣ бисёр хонда будам. Дар яке аз корхонаҳои дӯзандагӣ ба кор даромадам. Вазифаи ман аз он иборат буд, ки аз таҳхонаи корхона матоъ, калобаҳои ришта, баъзе асбобҳои дастгоҳи дӯзандагӣ ва дигар маводҳои лозимаро то ошёнаи панҷум бурда расонам. Дар он ҷо мутахассисон бори лозимаро мегирифтанд. Рӯзҳои якшанбе вақти истироҳатӣ доштем.
Кафшу сумкачаи хурдакакашро низ ба дасташ додам. Ӯ ба ман “Писарам, раҳмат”,-гӯён миннатдории бисёре намуд. Зан бо ҳамроҳии духтараш дар ошёнаи сеюм тарроҳи либосҳои мардонаву занона будааст. Чи тавре ки андозаву сифати дӯхтани либосҳоро муайян мекард, боз бо ҳамон шакл аз дӯзандаҳо сифати корро талаб менамуд.
Рӯзе, вақти хӯроки нисфирӯзӣ дар ошхонаи корхона бо духтараш тасодуфан дар сари як миз нишастем. Бо ҳам суҳбати ширин намудем. Рафтору гуфторам ба модараш писанд омада будааст. Аз ман хоҳиш кард, ки пагоҳ рӯзи истироҳатӣ, маро ба тамошои шаҳр мебарад. Ман хоҳиши ӯро қабул кардам. Ҳамроҳи духтар ба тамошои шаҳр баромадам. Ӯ маро ба майдони лижатозӣ бурд. То бегоҳ машғули ин бозӣ шудем. Бегоҳӣ маро ба ҷойи хобам овард. Оҳиста-оҳиста ба ӯ унс гирифтам. Бо ҳамдигар изҳори муҳаббат намудем. Бо розигии модараш издивоҷ кардем. Хонаашон чорҳуҷрагӣ буд, барои ману оилаам ва модараш, ки яккаву танҳо мезист, басандагӣ мекард.
Рӯзу шабу моҳу солҳо аз зиндагиамон гузаштанд. Ба олами ишқу ошиқӣ, шавқу шӯри ҷавонӣ ва кору бори зиндагӣ ғӯтавар гашта, модари мушфиқу ғамхорамро аз ёд баровардам. Боре дар мағозаи хӯрокворӣ, ҳангоми харид намудан ду ҷавони тоҷик маро шинохтанд. Онҳо аз деҳаи мо будаанд. Бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, ҳолу аҳволи модарамро пурсидам.
Онҳо ба ман гуфтанд, ки модарат аз олам гузаштаасту дар хонаатон ҳеҷ кас зиндагӣ намекунад. Бо шунидани ин хабар бехуд шуда, тамоми баданамро оташ фаро гирифт. Ба хона рафтам. Аз ғамгинӣ аз гулӯям ҳеҷ чиз намегузашт. Ҳатто дар чашмонам хоб ҳам намеомад. Худро маломат мекардам, ки куҷо шуд меҳри фарзандӣ? Аз ин хабари шум ба хонаводаам забон накушодам. Рӯзе либосҳоямро дар борхалта андохта, азми сафари Ватан кардам.
Писарам то фурудгоҳ маро гусе-лонид. Вақте ки вориди ҳавлии падару модар шудам, дари хонаи онҳоро мехкӯб дидам. Суфаи дар он менишастаамон аз боду борон қариб ҳамвор шудааст. Дар як гӯшаи он нишаста, бо худ нолидам. Дари хонаи модарро кушодам, қариб тамо-ми кӯрпаву кӯрпачаҳои хобро мушҳо лахт-лахт кардаанд. Ҳамаи онҳоро бо ашки резон тозаву озода намуда, ба як тартиб гузоштам. Бо ҳамсару фарзандонам доим дар алоқа будам.
Ҳолу аҳволи зиндагиамро ба онҳо мефаҳмонидам. Аз рӯзи дар хонаи модарам будан қариб як сол гузашт. Як рӯз ҳамсар, писару набераҳоям ба наздам омаданд. Онҳо гуфтанд, ки мо бо ту зиндагонӣ мекунем. Бо шунидани ин хабар хурсанд шуда, онҳоро ба оғӯш гирифтам. Ҳамсарам ҳам дӯзанда ва ҳам тарроҳ буд, либосҳои мардонаву занонаи фармударо медӯхт. Писарам дар қисми низомии дивизияи 201-уми Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Бохтар аст, ба хизмати шартномавӣ даромад.
Ҳарчанд зиндагии хуби оилавӣ дорам, вале ғаму дард дар қалбам хона кардааст. Аз кори кардаам пушаймонам. Худро дар зиндагӣ хушбахт ҳис намекунам. Пайваста ба ёди модар қалбу ҷигарам чун оташ месӯзад...
Бо суханони дардноки ӯ аз ҳам ҷудо гаштем. Аз суҳбат бо ӯ дарк кардам, ки ҷудоӣ аз модар дарди сангин будааст...
Намоз Солиев,
омӯзгор аз шаҳри Левакант
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.