Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ҳунари косатарошӣ ё худ сохтани табақҳои чӯбин аз қадим маъмул мебошад. Ба ин ҳунар асосан сокинони ҷануби Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса доранд. Маърака ва ҷашну маросимҳои мардуми ин минтақа бидуни истифодаи ин табақҳо ғайриимкон аст.
Ҳунарманд Саидаҳтам Достиеви 62-сола зодаи ноҳияи Муъминобод мебошад. Ӯ 30 сол инҷониб ба косатарошӣ машғул аст ва ризқи фар-зандонашро аз ҳамин касб ба даст ме-орад.
- Зиндагии ман аз ин касб пеш ме-равад, - нақл мекунад Саидаҳтам. – Шояд сухани бобоям буд, ки мегуфт: “Агар касби меросиамонро аз байн баред, аз шумо розӣ нахоҳам буд ва ман нагузоштам, ки мероси авлодӣ аз байн равад. Шукрона мекунам, ки ҳамин касб аз гузаштагонам ба ман мерос монду то имрӯз барои пешбурди рӯзгор кумак мекунад.
Саидаҳтам Достиев ба ин ҳунар ҳанӯз аз 7-солагӣ ошно буд. Ба кори бобояш кумак мекард. Ҳар боре, ки бобояш ба устохона медаромад, Саидаҳтам аз баҳри бозии кӯдакона баромада, назди бобояш мерафт.
Он замон бобою падараш асбобҳои мусиқӣ месохтанду ҳангоми истироҳат дутор менавохтанд. Саидаҳтам дар тақлид ба падару бобо дар вақти набудани онҳо дуторро гирифта бо завқ менавохт.
Бобояш пайваста таъкид мекард: «Ту ба асбобҳои ман нарас. Вақте бузург шудӣ, баъди сари ман ҳамааш моли худат мешавад». Ҳоло он дутор 95 сол умр дораду бобо гоҳ-гоҳе дар ҳуҷраи корӣ онро ба даст гирифта менавозад.
Усто Саидаҳтам дар баробари табақ, оштахта, чағчӯб (чӯбе, ки дар деҳот барои дӯғкашӣ истифода мешавад), қошуқу кафлез, нонросткун ва дигар асбобҳои рӯзгорро омода мекунад. Асбобҳои мусиқиро бошад, танҳо тибқи дархости муштарӣ месозад. Ба ақидаи усто, на ҳар кас аз уҳдаи сохтани асбобҳои мусиқӣ баромада метавонад.
- Думбураро танҳо ҳамон устое беҳтар сохта метавонад, ки аз уҳдаи навохтани он ба хубӣ баромада мета-вонад. Вақте шахс аз иҷрои навохтани он намебарояд, суратан дутор метарошад ва шаклу намудашро хуб омода мекунад, лекин мувофиқ кардани садои ин асбоб хеле муҳим аст. Шахсе, ки онро навохта натавонад, садояшро низ мувофиқ карда наметавонад, - мегӯяд Усто Саидаҳтам.
Ӯ ҳамарӯза ба ҳунари табақтарошӣ машғул мешавад ва бовар дорад, ки маҳсули дастонаш харидор доранд. Кори табақтарошӣ барои Саидаҳтам Достиев аллакай як шуғли маъмулӣ шудааст ва барои омода кардани як табақ 3-4 соат вақташро сарф мекунад.
Дар баробари он ки хӯрдани хӯрок дар табақи чӯбин маззаи дигар дорад, он нигоҳубини хосро талаб мекунад. Усто Саидаҳтам ба ҳама ихлосмандонаш тарзи нигоҳубини дурустро мефаҳмонад. Ҳар нафаре, ки табақ харидорӣ мекунад, онро бояд дар хона бо маҳлули собун тоза шуста, як рӯз пас, муддати 10 рӯз равғани пахта молида, дохили салафан нигоҳ дорад, то ки ба он ҳаво надарояд. Дар ин ҳолат табақ метавонад солҳои тулонӣ хизмат кунад ва аз каҷшавию кафидан эмин бошад. Пас аз он метавонад табақро истифода барад. Яъне ҳар боре, ки онро бо собун ё дигар маҳлул мешӯяд, бояд ҳатман равған молад.
Дар фаъолияти корӣ барои устои табақтарош ягона мушкилӣ ин пайдо кардани чӯб аст. Зеро табақ аз чӯбҳои дарахтони махсус, ба монанди чормағз, чанор, тут, қарағоч ва туғ сохта мешавад.
Алишери Абдулмаыид,
“Хатлон”
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад,...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.