Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Андар мансубияти нажодии Форобӣ


Андар мансубияти нажодии Форобӣ



Агар  назарияи  нисбият  тасдиқ  гардад,  пас олмониҳо  мегӯянд,  ки  ман  немис  ҳастам  ва фаронсавиҳо  маро  шаҳрванди  ҷаҳон  меҳисобанд; аммо  агар  назарияи  ман  рад  карда  шавад, фаронсавиҳо  маро  немис  меноманд  ва  немисҳо яҳудӣ эълон мекунанд.
Алберт Эйнштейн


Дар  бораи  мансубияти  этникии Абунаср  Муҳаммади  Форобӣ  маълумоти  то  замони  мо  расида  нокифояанд.  Аз  ин  рӯ,  баъзеҳо  ӯро  ба тоифаи турк, бархе ба қавми қазоқ, қисме ба миллати араб, шуморе ба нажоди форс нисбат дода, баъзеҳо тоҷики  суғднасаб  медонанд.  Ин ҷойи  тааҷҷуб  ҳам  нест,  зеро  шахс, ки  маъруф  шуд,  ҳар  қавму  нажод мехоҳад  чунин  афродро  аз  они худ  донанд  ва  шахси  дузду  авбошу  палидро  бошад,  ҳеҷ  миллат  аз худ намедонад ва дур месозад. Ва ин  ҳам  як  амри  таърихӣ  аст.  Аммо дар  масъалаи  азхудкунии  Абунаср  Муҳаммади  Форобӣ  на  ҳамаи муддаиён  ҳақ  ва  асос  доранд.  Ба қавли  худи  Абунаср  Муҳаммади Форобӣ “Он нукта ки асл буд, ногуф-та  бимонд”  (Абунаср  Муҳаммади Форобӣ, Кобул, 1975). Албатта, Абунаср Муҳаммади Форобӣ ин мисраи шеъриро  ба  забони  тоҷикии  ноб андар  баёни  андешаҳои  фалсафиаш иншо намудааст. Вале бубинед, кори гардуни гардонро, ки ин маъно дар фаҳмиши мансубияти нажодии худаш  ҳам  корбаст  шудааст  ва  гӯё ӯ  пешгӯӣ  кардааст,  ки  барои  муайянсозии  мансубияти  нажодӣ  чунин мушкилӣ баъди ҳазору сад сол пайдо  мегардад  ва  ҳар  касе  ҳар  чизе хоҳад,  мегӯяд.  Даъвии  бархе  аз муддаиёнро метавон ба таври мухтасар шарҳ дод, ки оғоз мекунем аз арабҳо.  Пӯшида  нест,  ки  Абунаср Муҳаммади Форобӣ анқариб тамоми осорашро  ба  забони  арабӣ-забони илмии ҳамон давра эҷод карда, бадин васила дар ганҷинаи тамаддуни арабӣ  нақши  босазое  гузоштааст. 

Бешубҳа,  арабҳо  аз  он  ифтихор доранд ва аз ин рӯ ӯро донишманди араб медонанд, илова бар ин ки номи  худаш  ва  номи  падараш  ҳам калимаҳои  арабӣ  буда,  динаш  ҳам ислом буд. Ба ёд меорем Александр Сергеевич Пушкини африқонажоди яҳудиасосро, ки сардафтари адабиёти  рус  маҳсуб  мегардад.  Ҳарчанд ӯ  яҳудинажод  буда,  бинобар  васияташ  ҳатто  бо  рамзи  яҳудии  ду секунҷаи  бо  ҳам  мутақобилвасл (“меҳендавид”)  дафн  шудааст,  ӯро шоири  рус  меҳисобанд,  зеро  асосан  дар  хазинаи  тиллоии  русҳо саҳмгузорӣ  кардааст.  Аз  ин  лиҳоз, даъвои  арабҳо  андаке  бошад  ҳам, мантиқ  дорад.  Аммо  туркҳо  бар он  асос,  ки  номи  бобои  Абунаср Муҳаммади  Форобӣ-Тархон  буд  ва калимаи  “Тархон”  гӯё  вожаи  туркӣ буда,  лақаби  амлокдори  сазовори имтиёз дар назди шоҳро дошта бошад,  ӯро  турк  меноманд.  Мутаассифона,  ин  таъбир  дар  пажуҳишот ва  ҳатто  фарҳангномаҳои  асри  XX ҳам  роҳ  ёфтаанд  ва  ҳама  ҷо  дар мавриди  маънои  калимаи  “Тархун” боз  ҳамоно  “лақаби  амлокдори  сазовори  имтиёз  дар  назди  шоҳро дошта”-ро навиштаанд. Аввал ин ки бобои  Муҳаммади  Форобӣ  Тархон неву  Тархун  ном  дошт  ва  Тархун ҳам шакли таҳрифшудаи Тарғун аст. 

Дуюм  ин  ки  “шахси  дорои  имтиёз дар назди шоҳ” маънои калима набуда,  балки  вазифаи  соҳиби  ном аст.  Дуруст  аст,  ки  Тархун  чунин имтиёз  дошт,  аммо  чӣ  тавре  ёдовар  шудем,  соҳиби  имтиёз  маънои вожа буда наметавонад. Маънои вожаи  “тархун”-ро  Хоразмӣ-  “шарафманд”  гуфтааст  (Наршахӣ,  Абӯбакр Муҳаммад  ибни  Ҷаъфар.  Таърихи  Бухоро.-Душанбе:  Пайванд, 2012,  с.  303).  Яъне,  маънои  вожаи “Тархун”-и  суғдӣ  “Шарафманд”-и форсии  дарӣ  (тоҷикӣ)  будааст,  ки ба ҳақиқат наздик аст. Дар мавриди нодурустии  даъвои  атрок  поёнтар сухан хоҳем гуфт.

Қазоқҳо  бар  он  хотир,  ки  ватани  Форобӣ-Фороб  аст  ва  Фороб ҳоло (дар асри XX- XXI) дар ҳайати Қазоқистони  ҷанубӣ  қарор  дорад (ин  таъбирро  бар  онҳо  русҳо  бо ғаразҳои  сиёсии  табартақсимашон бор кардаанд), мехоҳанд, ки ӯ қазоқ бошад. Ҳол он ки ин таъбири онҳо баъди  ҳазор  соли  зиндагии  Абунаср  Муҳаммади  Форобӣ  пайдо шуда,  дар  он  замон  вожаи  қазоқу Қазоқистон вуҷуд надошт.

1. Акнун суғдинажод будани Форобиро бар чанд далел собит хоҳем кард. Баромади этимологии зодгоҳи кӯчак  ва  ватани  бузурги  Абунаср Муҳаммади  Форобӣ  ҳама  вожаҳои суғдӣ ба шумор мераванд. Ҳам во-жаи “Васич”, ҳам вожаи “Фороб” ва ҳам вожаи “Суғд”, ки ҳама калимаҳои суғдӣ буда, шомили кишвари Хуросони  кабир  ба  шумор  мерафтанд ва ватани аслии тоҷикон аслан Хуросони кабир аст. Бояд гуфт, ки Хуросони  кабир  кишвари  паҳноваре буд, ки тамоми Мовароуннаҳр (Осиёи  Миёна  ва  Қазоқистони  ҷанубӣ) ва  Хуросони  имрӯзаро  дарбар  мегирифт.  Дар  бораи  он  ки  Васичи Фороб  зодгоҳи  Абунасри  Форобӣ аст,  ҳамаи  пажуҳишгарон  бар  як қароранд. Илова бар ин, бародарони  афғонистонӣ   ва  тарафдорони онҳо  ватани  Абунаср  Муҳаммади Форобиро  шаҳраки  Форёб  (на Фороб)  дар  қисмати  шимолии Афғонистон  меҳисобанд.  Муддаиёни  ин  ақида  бар  даъвии  худ  аз маъхазҳои қадимае ба монанди “Ал-Фиҳраст-ал-улум”-и Ибни Надим, ки дар таърих бо номи мухтасари “Ал-Фиҳраст” машҳур аст ва аз “Татиммат  сиван-ал-ҳикма”-и  Байҳақӣ  далел меоранд.

Муаллифи  “Ал-Фиҳраст”  Абул-Фараҷ  Муҳаммад  ибни  Исҳоқ  ибни Муҳаммад  ибни  Исҳоқ  ан-Надим (909-990)  донишмандест,  ки  дар асри  фавқуззикраш  дар  бораи  аксарияти донишмандони чаҳор асри аввали  ислом  ва  донишҳои  он  за-мона  маълумот  медиҳад.  Худи Ибни  Надим  37  сол  баъди  Абунас-ри  Форобӣ  таваллуд  шуда,  баъди чиҳил  соли  вафоти  ӯ  аз  олам  гузаштааст. Ин сарчашмаи нодир дар асри сипаришудаи XX се маротиба: дар  Қоҳира,   Теҳрон  ва  Лейпсиг нашр шудааст. Ҳамчунин, тарҷумаи форсӣ  ва  пажуҳишоти  русии  он (42)  низ  вуҷуд  дорад.  “Ал-Фиҳраст” яке  аз  қадимтарин  маъхазҳои  боэътимод  ба  шумор  меравад,  ки арзишҳои  ахбории  он  дар  таърихи тамаддуни исломӣ хеле арзишманд аст.  Бинобар  маълумоти  андӯхтаи пажуҳишгарони  “Ал-Фиҳраст”  дар миёни тамоми ададбиёти асримиёнагии илмӣ-библиографӣ ҳеҷ асаре баробар  ба  арзиши  он  вуҷуд  надорад.  “Ал-Фиҳраст”  ҳамагӣ  2-3  сол қабл  аз  вафоти  муаллифаш  (соли 982) тасниф шуда буд.

Акнун  чанд  сухан  дар  мавриди вожаҳои “Форёб”, “Фороб”, “Фароб”. 

Қаблан бояд гуфт, ки мавзеъҳое бо номҳои “Фороб”, “Форёб” ва “Фароб” дар  қисмати  ҷанубии  Қазоқистони кунунӣ (Фороб, ҳоло Отрар (Утрор), дар  Ҷумҳуриҳои  Афғонистон  (Фо-рёб)  ва  Туркманистон  (Фароб)  низ мавҷуданд, ки решаи муштарак доранд. Таҳриф ва тағйири мавзеъҳои ҷуғрофӣ  як  амри  таърихӣ  аст, ки  ба  сифати  мисол  худи  вожаи “Панҷакент”-и Тоҷикистонро муоина кардем.

Дар  мавриди  вожаи  “Фороб” ақидаи  дигар  ҳам  вуҷуд  дорад,  ки онро яке аз файласуфони шинохтаи тоҷик,  номзади  илмҳои  фалсафа Суннатулло  Ҷонбобоев  чунин  таъбир мекунад: “Ҳоло муаррихон (лекин нагуфтааст кадом муаррихон-А.К.) бар он назаранд, ки худи вожаи Фороб, шакли арабишудаи топоними “Пуроб”-и суғдиву форсӣ аст, ки ҷои сероб ё гузаргоҳ аз об ё рӯдро ифода мекунад.

Топоними Фороб, Форёб / Пуроб, Бароб дар “Ҳудуд-ул-олам” бисёр ба назар мерасад ва он ба маънои замине, ки дар соҳили об аст ё замини зироате  аз  ду  тараф,  ки  аз  як  оби дарё ё корез обёрӣ мешавад. Фороб ё Пороб муодили калимаи “Вароруд” ё  “Моварои  рӯд”  аст.  Ин  мазмунро луғати Деҳхудо ҳам тасдиқ мекунад. Калимаи  суғдӣ  будани  Фороб  ва Утрорро чӣ муаррихони гузашта ва чӣ  муҳаққиқони  муосир  тасдиқ  мекунанд...” (Таърихи фалсафаи тоҷик аз  қадим  то  асри  XX,  ҷилди  2.-Ду-шанбе: “Дониш”, 2016. - с.260).

Забоншиноси  яғнобинажоди тоҷик,  номзади  илмҳои  филологӣ Сайфиддин Мирзоев, ки мутахассиси забони яғнобӣ аст ва забоншино-си шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ,  профессор  Қосимӣ Олимҷон  Ҳабибуллоҳзода  бар ҳамон шакли дурусти Форобу Форёбу Фароб ҳамақида буда, решаи ин номвожаи ҷуғрофиро аз вожаи “фар” медонанд  ва  калимаи  “Фалғар”-ро ҳам  шакли  таҳрифшудаи  “Фарғар” медонанд.  Муҳим  он  аст,  ки  тамоми  муҳаққиқон  бар  як  ақидаанд,  ки вожаҳои Форобу Форёб суғдӣ буда, баъдан  тавассути  шахсони  бузурге чун  Абунаср  Муҳаммади  Форобию Заҳираи Форёбӣ бештар забонзада шуда,  ба  монанди  баъзе  вожаҳои суғдӣ  аз  хотираҳо  зудуда  нашуда, ба  истиснои  баъзе  тафовути  овозӣ то замони мо расидаанд.

Дар  масъалаи  этимологияи  вожаи “Васич” мутахассисони соҳа андешаи ягона дошта, баромади онро марбут ба забони суғдӣ донистаанд.

(Идома дорад)
Абдулҳай КОМИЛӢ,
профессор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода