Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»: ҳамаро даъват менамоем!


«МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»: ҳамаро даъват менамоем!



1 сентябр сокинони Душанбе иштирокчии ҷашни бошукӯҳи варзишӣ – фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” мегарданд. МегаФон Тоҷикистон ҳамин тавр зодрӯзи худро таҷлил намуда, ба сокинон вохӯрӣ бо бозингарони амалкунанда ва собиқадорони дастаи мунтахаби миллӣ оид ба футбол, ҳунармандон ва ситораҳои Instagram-ро ҳадя мекунад. Даромад ройгон аст. Шарики фестивал - Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чорабинӣ дар Майдони марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Дар макони мухлисон бозингарони мунтахаби миллӣ- нимҳимоятгарон Амирбек Ҷурабоев, Амадонӣ Камолов ва Эҳсони Панҷшанбе соядаст гузошта, бо мухлисон муошират хоҳанд кард. Сокинони пойтахтро машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол ва озмунҳо, баромади ҳунармандон, мусобиқаҳои оилавӣ интизоранд.

Бозӣ миёни бозигарони собиқи мунтахаби миллӣ ва ситораҳои шоу-бизнеси Тоҷикистон, ки соати 19:00 оғоз меёбад, рӯйдоди муҳими рӯз хоҳад гашт. Мухлисон дар майдон футболбозони машҳуре чун Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоевро мебинанд. Рақибони онҳо сарояндаи машҳур ва блогери дорои миллион обуначӣ Барон, ғолиби шоу “Ну-ка все вместе!” Фаррух Ҳасанов, роҳбари ассотсиатсияи блогерон ва вайнерҳои Тоҷикистон Бахтиёр Маҷитов, вайнер Фаридун Сафаров мебошанд.

Инчунин барнома озмунҳо бо туҳфаҳо аз ширкати МегаФон Тоҷикистон”, макони аксгирӣ, ки дар он метавон аксҳои зебо гирифта, дарҳол онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кард, макони истироҳат ва фуд-кортро дар бар мегирад. Мусобиқаҳо аз рӯи варзиши кибернетикӣ баргузор мегарданд.

“Таҷлили зодрӯзи ширкат бо тантанаҳои бузург дар Душанбе, даъвати муштариёни худ ва дигар сокинони кишвар аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол мо тасмим гирифтем, ки шакли ташкилро дигар кунем: мавзӯи фестивал варзиши дӯстдоштаи миллионҳо мегардад. Зеро футбол дар Тоҷикистон – маҳбубияти хос дорад. Моро лаҳзаҳои шадиду ҷолиби футбол, муошират бо бозингарони дӯстдошта, эҳсосоти рангин интизоранд. 1 сентябр дар Майдони марказӣ вомехӯрем!” – мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

Шарики кулли иттилоотии фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” – АМИТ “Ховар”.

Шарики расмии иттилоотии фестивал – Pressa.tj.

Шарикони иттилоотии фестивал – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо, Love Radio TJ, Sputnik Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода