Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Дуздони интернетӣ. Амнияти кортҳои пластикӣ дар дасти кист?


Дуздони интернетӣ. Амнияти кортҳои пластикӣ дар дасти кист?




Вақтҳои охир дар фазои маҷозӣ гурӯҳе амалҳои қаллобиро рӯйи кор овардаанд, ки онҳо ба осонӣ аз кортҳои пластикӣ тариқи мағзшӯии нафарони содаву зудбовар маблағҳои калонро тасарруф мекунанд. Ин афрод бо ин амалашон зарба ба иқтисодиёти оилаҳо мезананд. Доир ба пешгирӣ аз ин тақаллубкорӣ ниҳодҳои марбутаро лозим аст, ки чораҳои лозимӣ биандешанд. Қаллобон бештар кадом кортҳоро тасарруф мекунанд? Киҳо бештар ба доми онҳо меафтанд? Қаллобӣ чӣ гуна ҷавобгарӣ дорад? Посухи ҳамаи ин суолҳоро дар ин матлаб матраҳ намудем.

Чаро қаллобони интернетӣ зиёд шудаанд?

Маҳина Шокирова (номи мустаор), сокини шаҳри Бохтар, яке аз он ҷабрдидаҳое мебошад, ки ба доми фиребу найранги дуздони интернетӣ афтида, маблағҳояшро ба онҳо интиқол додааст. Ӯ мегӯяд: “Дар шабакаи иҷтимоии вотсапам як рақами ношинос бо номи Роза Пичирос бо лафзи ширин навишт: “Ман то ҳол Шуморо меҷустам ва солиёни зиёд ту барин инсони хайрхоҳу поктинат наёфтам.

Шумо ғамхор ҳастед, фикри нафарони ятиму беморро мекунед, шукр, ки имрӯз бо Шумо суҳбат дорам. Ман як инсони хайрхоҳ аз Фаронса ҳастам. Ба хотири якдигарфаҳмиамон аз тарҷумон истифода кардаам. Ман бастаҳои пулии хело зиёд дорам ва мехоҳам, ки ба воситаи Шумо онҳоро ба ятимхонаҳо ва шахсони ниёзманд расонам. Боварӣ дорам, ки дар ин кори хайр ба ман ҳамроҳ мешавед. Хоҳиш, аз суҳбатамон касе пай набарад, баъди суҳбат ҳатман навиштаҳоямонро пок кун”. Ман бошам, ин ҳамаро бовар карда, бо он ҳамфикр шудам. Рӯзи дигар ба ман як навори кутоҳро фиристоданд, ки дар он як зан тамоми аъзои баданаш ҷароҳат бардошта буд. Албатта, бо дидани он, раҳми кас меояд. Баъдан ба ман навишт, ки ана ҳамин шахси мариз дар давлати Германия мебошад. Шумо метавонед ба суратҳисоби ҳамин нафари бемор ҳазор доллари амрикоӣ равон кунед. Баъд ман ин бастаҳоро ба Шумо мефиристам. Баъди ин зиндагиатон рангин мегардад. Ҳам амали хайр анҷом медиҳӣ ва ҳам пули калон ба даст меорӣ. 

Суҳбатҳои мо чанд рӯз идома ёфт. Ман ба онҳо пешниҳод кардам, ки аввал шумо пулро равон кунед. Фардои он рӯз ба ман навиштанд: «Мо бастаҳои евроро дар бағоҷ равон кардем, айни ҳол бастаҳои шумо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе қарор доранд. Аммо як мушкилӣ пеш омад, барои аз фурудгоҳ гузаронидани бастаҳои пули ниҳоят калон кормандони фурудгоҳ аз мо ҳазор доллар талаб доранд. Шумо ба ин суроға маблағро гузаронида, соҳиби бастаҳои пулӣ шавед...»

Ман ин ваъдаҳои пучро бовар карда, аз як рафиқам 11 ҳазор сомонӣ қарз гирифтам. Ба воситаи корти «Эсхатаонлайн» ҳазор доллар омода намуда, ба онҳо фиристодам. Ба ман гуфтанд, ки боз 5 ҳазор сомонии дигар лозим. Ман бошам, дигар ба ҳарфҳои онҳо бовар накарда, ба навиштаҳояшон ҷавоб надодам”,- мегӯяд Маҳина Шокирова.

Пешрафту тараққиёти технологияи иттилоотӣ, махсусан рушди бесобиқа пайдо намудани зеҳни сунъӣ дар баробари осон намудани баъзе аз фаъолиятҳои инсон, ҳамзамон василае барои амалисозии ҳадафҳои ҷиноятии афроди қаллобу мардумфиреб табдил ёфтааст. Мутаассифона, ин афрод бозори қаллобии худро гарм намуда, бо истифода аз садо ва симои роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони машҳуру шинохта ҳар гуна эълону хабарҳои бардурӯғ паҳн карда истодаанд, то пули муфт ба даст биёваранд. Мақоле ҳаст: “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”, ки ба ин афрод рост омада, амалҳои ноҷавонмардонаи хешро ба ҳамёнҳои электронии мардум раво мебинанд.

БЕШТАР КАДОМ КОРТРО ТАСАРРУФ МЕКУНАНД?

Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки аксари муштариёни фиребхӯрдаи ин қаллобон истифодабарандагони кортҳои пластикии “Душанбе сити” мебошанд. Мутаассифона, ин афрод бо ҳар роҳу восита ба муштариён зарари калони пулӣ расонидаанд, сафи муроҷиаткунандагонро дар марказҳои хизматтрасонӣ афзун кардааст. Тибқи иттилои Диловар Сатторов, роҳбари Маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Бохтар, давоми шаш моҳи аввали соли равон шумораи муштариёни ба доми қаллобон афтода, беш аз 35-40 нафарро ташкил медиҳад.

- Ҳангоме ки шаҳрванд ба мо расман ариза пешниҳод мекунад, ҳолати онро дар якҷоягӣ бо мақомоти милитсия дида мебароем. Агар маблағро аз дохили кишвар рабуда бошанд, маблағро бозпас ба соҳибаш бармегардонем. Дар сурати ба хориҷ интиқол ёфтани маблағ бошад, ҷустуҷӯи мо бенатиҷа анҷом меёбад, - зикр намуд Диловар Сатторов. 

Ба гуфтаи намояндаҳои “Амонатбонк” ва Бонки “Эсхата”, ин мушкилӣ дар миёни муштариёни онҳо ва истифодабарандагони кортҳои пластикӣ қариб, ки дида намешавад. Ба қавли онҳо, роҷеъ ба ин масъала муроҷиат нашудааст.

СИСТЕМАИ МУҲОФИЗАТИИ БАРНОМАИ БОНКӢ

Аксари истифодабарандагони кортҳои пластикии бонкҳо аз дуздони интернетӣ изҳори нигаронӣ намуда, маблағи ҷамъоварӣ намудаашонро ба осонӣ аз даст медиҳанд. Мизоҷони бонки “Спитаменбонк” бошад, айни ҳол камтар ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз аввали соли 2024 ба хотири ҳифзи амнияти кортҳои пластикии мизоҷон роҳбарияти бонк низоми ягонаеро ворид сохт, ки метавон гуфт, ба пуррагӣ бехатарии маблағҳои кортҳои пластикии “Спитаменбонк”-ро таъмин мекунад. Масалан, як корти пластикӣ дар номи як шахс сабт шуда бошад, дар сурати ворид намудани рақами дуюм корт ба таври автоматӣ корношоям мегардад. То он замоне, ки соҳиби аслии корти пластикӣ бо шиносномааш ба мо муроҷиат накунад, корт маҳкам боқӣ мемонад, - гуфт зимни суҳбат Фирӯз Шарифов, менеҷери минтақавии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитаменбонк” дар вилояти Хатлон.

Ба қавли ӯ, аз шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикии “Спитаменбонк” давоми сол танҳо як нафар расман бо сабаби рабудани маблағҳои пулӣ муроҷиат намуд. Маъмурияти бонк дар якҷоягӣ бо мақомотҳои марбута маблағҳои рабудашудаи муштариро дарёфт ва барқарор намуданд.

Ба андешаи коршиносони соҳа, истифодаи чунин системаи муҳофизатии барномаи бонкӣ аз манфиат холӣ набуда, эътимоднокиро дар миёни истифодабарандагони кортҳои пластикӣ бештар мекунад. Имрӯзҳо дигар ташкилоту хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯи қаллобони интернетӣ фаъолият доранд ва ба хотири таъмини амнияти маблағҳо метавонанд аз системаи муҳофизатии барномаи бонкӣ истифода намоянд.

ОГОҲИИ МАҚОМОТ

Чуноне ки ба мушоҳида мерасад, аксари қаллобони интернетӣ бо ваъдаи дар муддати кӯтоҳ соҳиб гаштани маблағҳои калон ва чанд баробар зиёд намудани маблағи сармоягузоришуда, ба боварии шаҳрвандон даромада, баръакс, маблағҳои гуногуни шаҳрвандонро тасарруф намудаанд. Гарчанде мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо шаҳрвандонро огоҳ намуда бошад ҳам, мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон ба доми чунин қаллобон афтода, маблағҳои худро аз даст додаанд.

Бо мақсади огоҳонии сокинон ва ҷилавгирӣ аз амалҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар сомонаҳои расмии худ расман иттилоъ нашр карда буданд, ки шаҳрвандон аз амалҳои номатлуби чунин афрод огоҳ гардида, фирефтаи онҳо нашаванд.

«Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ба ҳар гуна эълону хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд. Ҳамзамон, шаҳрвандон ба таври қатъӣ таъкид карда мешаванд, ки бо дидани чунин эълонҳои бардурӯғ вориди суроғаҳои (ссылка) чунин сомонаҳои шубҳанок нагарданд. Зеро, чунин суроғаҳо (ссылка) ҳамчун василаи рахнасозии саҳифаҳои интернетии шахсии шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст. Бо ин роҳ ҷинояткорони интернетӣ метавонанд махзани телефони мобилии шаҳрвандонро рахна (взломать) сохта, маълумотҳои шахсӣ ва рамзҳои ҳамёни электрониро ба дасти худ гиранд. Ҳамзамон, дар баробари тасарруф намудани маблағҳои Шумо, ичунин маълумотҳои шахсиро минбаъд бо мақсади тамаъҷӯӣ истифода намоянд», -омадааст дар баёнияи ин ниҳод.

КИҲО БЕШТАР БА ДОМ МЕАФТАНД? 

Коршиносон бар он назаранд, ки бештари онҳое, ки ба доми қаллобон гирифтор мешаванд, нафароне ҳастанд, ки аз рушди босуръати техникаву технология ба хубӣ огаҳ нестанд. Аз ҳама муҳим дар сатҳи нокифоя қарор доштани донишҳои технологӣ ва бовар кардан ба ин ё он  паёмаки носанҷида. Барои ҳамин, гирифторшавии онҳо ба доми қаллобон аз эҳтимол дур нест.

Дар ин маврид Фирӯз Шарифов, менеҷери минтақавии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитаменбонк” мегӯяд: «Пеш аз ҳама, бояд нисбати ҳар як иттилоот бо шубҳа назар кард ва ҳар он чизи дар интернет пайдошуда ва ба воситаи месенҷерҳо ирсолкардашударо набояд бовар кард. Аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки аксарияти афроде, ки ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд, сокинони деҳотҷой ҳастанд, ки ба зудӣ фирефтаи дасти қаллобон мегарданд».

Ҳамзамон, ин мутахассис илова намуд, ки замони техникаву технология аст, фаъолияти чандин нафарон дар фазои маҷозӣ сурат мегирад.

Ҳар нафар бояд дар баробари дигар донишҳо, инчунин аз донишҳои муосири техника ва технологияи коммуникатсионӣ низ бархӯрдор бошад, чун донистани он аз гирифтории ҳар гуна қаллобон эмин нигоҳ медорад.

ТАВСИЯҲО

1. Вақте шумо аз бонк корт мегиред, дар қафои ҳар яки он ду рақам навишта шудааст. Яке рақами худи корт ва як серақамаи дигар. Вақте шумо ба ягон хизматрасонӣ маблағ гузарониданӣ мешавед, рамзи махфӣ дорад ва онро набояд ба касе диҳед, новобаста аз оне, ки ин нафар кист ё намояндаи кадом бонк аст.

2. Чун вақте мо шубҳа мекунем, шояд дар он ягон нишонаи дурӯғ будан вуҷуд дошта бошад ё  баръакс, яъне шубҳа кардан ин боварии комил надоштан аст. Вақте шубҳа кардем, барои асоснок ва аниқу дақиқ кардани он бояд пардозем. Агар шубҳаи мо тасдиқашро ёфт, мо ба қадами муҳими дигар, яъне санҷиш рӯ меорем ва вақте санҷида баромадем, ҳақиқати ҳол маълум мешавад. Яъне барои ба доми қаллобон наафтидан, пеш аз ҳама, мо бояд ҳамин қадамҳоро гузорем.

3. Бештари вақт қаллобон аз рафти тиҷорати электронӣ ё амалиёти бонкиро анҷом додан, истифода мебаранд. Масалан, харидуфурӯш тариқи сомонаҳо, сараввал фаъолияти он сомона, таърихи таъсисёбӣ, рейтинг, фикру мулоҳизаи муштариён ва дигар маълумотҳоро санҷида, баъдан хулосабарорӣ кунанд.

Барои дар шароити кунунӣ дар шабакаҳои иҷтимоию ҳамёнҳои электронӣ хавфи рабудани сармояи пулӣ вуҷуд дорад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи интернет аз шабакаҳои иҷтимоӣ мақсаднок истифода намоянд, то ин ки ба доми афроди қаллоб гирифтор нашаванд. Сармояи шумо дар дасти шумост.
ҚАЛЛОБӢ

ҶАВОБГАРӢ ДОРАД?

Камолҷон Ғафуров, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ки тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон, барои фиребгарӣ ва ё дуздӣ аз корт ва  ҳамёни электронӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшиноси тоҷик, аз ҷумла тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин намуди ҷиноятҳо вобаста ба дуздии маблағ аз ҳамёни мобилӣ ё аз кортҳои пардохтии бонкӣ пешбинӣ шудааст. Масалан, моддаҳои 244 (дуздӣ), 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (қаллобӣ) ва ё 253 (расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ).

Аз ҷумла, барои ҷинояти “дуздӣ” аз ҷарима ба андозаи аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо оғоз карда, то дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар гардидааст. Барои ҷинояти “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” бошад, ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, то маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то понздаҳ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол муайян шудааст.

Абдулло РИОЕВ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода